734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Вохӯрӣ дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон

DSCN0765-300x225

Имрӯз Аҳтам Абдуллозода Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот Аҳтам Абдуллозода вобаста ба Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва Сарқонуни кишвар суханронӣ намуда, онҳоро ҳуҷҷати муҳим арзёбӣ кард.

Зимни баромад иқтибосҳо аз нуктаҳои Паём вобаста ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон ёдоварӣ карда шуд.

Инчунин дар ин мулоқот масъулин оид ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” баромад карда, онро саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Гуфта шуд, ки ҷавонони саодатманду хушиқболи даврони истиқлол, дар ҷавоб ба ғамхориву таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои доимии давлату Ҳукумати кишвар илму донишҳои муосирро аз худ намуда, ақлу заковати зеҳнӣ ва зиракию ҳушёрии худро баланд бардоранд. Ҳамзамон бо ташаббускориҳои наҷибу созанда баҳри расидан ба арзишҳои миллӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Дар фарҷоми чорабинӣ миёни иштирокчиён ва роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили суолу ҷавоб сурат гирифта, донишҷӯён ба суолҳои хеш ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Лозим ба ёдоварист, ки чунин силсилаи чорабиниҳо дар дигар донишгоҳҳои олии кишвар баргузор карда мешаванд.


11.02.2016 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.