734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Лагери ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Пайравони Пешвои миллатем”

Бо мақсади дар ниҳоди чавонон бедор намудани эҳсоси ватандустӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва шиносоӣ ба мавзеъҳои таърихиву табиӣ, дӯстиву рафоқат миёни ҷавонон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 то 12 августи соли ҷорӣ беш аз 30 нафар ҷавонон аз тамоми қаламрави кишвар дар лагери ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Пайравони Пешвои миллатем”  дар ноҳияи Муъминобод ба истироҳат фаро гирифта шудаанд.

 Дар истироҳатгоҳи мзкур аз рӯи барнома барои  ҷавонон машғулиятҳои илмию назариявӣ, бозиҳои зеҳнӣ, ҳамчунин якчанд семинар дар мавзӯъҳои терроризму ифротгароӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ аз қабили ВНМО/БПМН ва ғайра гузаронида шуд.

     Азбаски моҳияти ин лагер омузишӣ буд,  аз ҷониби мутахассисон бештар ба ҷавонон барномаҳои омӯзишӣ пешниҳод карда шуд. Дар истироҳатгоҳ тамоми шароитҳои маишӣ муҳайё буда, барои истироҳату фароғати ҷавонон дар фасли тобистон басо мусоид мебошад.

     Ҳамзамон, гурӯҳи ҷавононро ба тамошои мавзеъҳои таърихиву сайёҳии ин ноҳияи зебоманзар бурданд. Гурӯҳи ҷавонон аз мавзеъи дилорои Чилдухтарон дидан намуда, роҳбаладон аз таърихи ин ҷо қиссаю ривоятҳои рангин  нақл мекарданд.

     Дар давоми истироҳати лагерии мазкур ҷавонон ба осорхонаи мунаққид ва адабиётшинос Соиб Табаров ташриф оварда, бо кору пайкори ин шахсияти маъруфи миллати тоҷик  шиносоӣ пайдо намуданд.

     Хулоса ин лагер бо бардоштҳои зиёде ба хотироти ҳар як ҷавон нақш баст.

Таҳияи хабарнигори ҷамъиятӣ Маликова Шоира

Душанбе – Муъминобод – Душанбе


15.08.2018 Нет комментариев