734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


IV – Анҷумани ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо иштироки муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳмадзода Дилнозаи Давроналӣ, раиси шаҳри Турсунзода Вализода Абдуқодир Исуф, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон IV – Анҷумани ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта ва Форуми дӯстии ҷавонон таҳти унвони «Ғамхории доимии Пешвои миллат барои мо – ҷавонон ҷовидон боқӣ мемонад» ба кори хеш оғоз кард.
Зикр гардид, ки бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имкониятҳо ва шароитҳои замони муосир фароҳам оварда шуда, имрӯз ҷавони тоҷик имконият дорад, ки дар дилхоҳ муассисаи олии дохил ва хориҷи кишвар дохил гардида, донишҳои замони муосиррро аз худ намояд.
Чор маротиба мешавад, ки Анҷумани ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор бо доираи васеи донишҷӯёни дар хориҷи кишвартаҳсилдошта баргузор мегардад.
Имрӯз аъзоёни маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта ба ҳудуди 3000 нафар расида, дар муассисаҳои таҳсилоти олии 15 давлати дунё фаъолият менамояд, ки барои муаррифии фарҳангу расму оин ва забону арзишҳои бузурги миллати тоҷик заминаи мусоид фароҳам меоварда, – зикр гардид дар Анҷуман.
Бояд тазаккур дод, ки Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта, аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 2014 таъсис ёфтааст.
Мақсад аз таъсис додани Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта ин баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва мустаҳкам намудани робитаи байниҳамдигарии донишҷӯёни тоҷики дар хориҷи кишвар таҳсилдошта мебошад.


11.08.2018 Нет комментариев