734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


536 чорабинӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон

Дар  доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории мусобиқаҳои оммавӣ – варзишӣ ва солимгардонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бахшида ба «Рӯзи варзишгарон 10 – август» санаи 10 августи соли ҷорӣ дар саросари кишвар зиёда аз 536 чорабиниҳои оммавӣ – варзишӣ, солимгардонӣ ва мулоқоту вохӯриҳо бо собиқадорону варзишгарони муваффақ бо фарогирии 53024 нафар, аз ҷумла 12920 нафар бонувон доир гардиданд.

Қобили зикр аст, ки аз шумораи чорабиниҳои доиргардида 71 ададаш мулоқоту вохӯриҳо бо собиқадорону варзишгарони муваффақ бо фарогирии 9160 нафар, аз ҷумла 3160 нафар бонувон мебошанд.

Мутобиқи маълумотҳои оморӣ аз шумораи умумии чорабиниҳои доиргардида дар ВМКБ 27 чорабинӣ бо иштироки 4929 нафар аз ҷумла 895 бонувон, дар вилояти Суғд 329 чорабиниҳо бо иштироки 28630 нафар аз ҷумла 9430 бонувон, дар вилояти Хатлон 108 чорабиниҳо бо иштироки 6480 нафар аз ҷумла 1040 нафар бонувон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он 52 чорабиниҳо бо иштироки 6241 нафар аз ҷумла 1052 бонувон ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 47 чорабиниҳо бо иштироки 6744 нафар аз ҷумла 503 нафар бонувон баргузор карда шуданд.


11.08.2018 Нет комментариев