734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ғамхории доимии Пешвои миллат барои мо –  ҷавонон ҷовидон боқӣ мемонад

Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода санаи 11 августи соли 2018, соати 1000, дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода IV – Анҷумани ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта ва Форуми дӯстии ҷавонон таҳти унвони «Ғамхории доимии Пешвои миллат барои мо –  ҷавонон ҷовидон боқӣ мемонад» баргузор мегардад.

Дар кори Анҷуман иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, дар ин радиф зиёда аз 100 нафар донишҷӯёни фаъоли дар хориҷи кишвар таҳсилдошта аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ҷавонони фаъоли шаҳри Турсунзода, кормандони васоити ахбори омма (ВАО) низ иштирок менамоянд.

         Бояд тазаккур дод, ки Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта, аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 2014 таъсис ёфтааст.

 Имрӯз Маҳфили мазкур зиёда аз 3000 нафар аъзои фаъолро дар 15 кишвари ҷаҳон дорад. Аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Миср, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Кореяи Ҷанубӣ, Украина, Ҷумҳурии Лаҳистон, Олмон, Брнитанияи Кабир, Нидерландия, Малайзия ва Озарбойҷон мебошанд.

         Мақсад аз таъсис додани Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта ин баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва мустаҳкам намудани робитаи байниҳамдигарии донишҷӯёни тоҷики дар хориҷи кишвар таҳсилдошта мебошад.


11.08.2018 Нет комментариев