734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Таҷлили Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд

Тибқи нақша чорабинии Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ва фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарон баргузор карда шуда истодаанд. Санаи 9 августи соли равон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи варзишгарон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он муовини раиси ноҳия, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, мураббиён, варзишгарон ва собиқадорони соҳаи варзиш иштирок намуданд.
Нахуст, иштирокдорон ва меҳмонони чорабинӣ аз намоиши дастовардҳои варзишгарони ноҳия дидан намуда, сипас дар чорабинии ташкилнамуда иштирок намуданд.
дар чорабинӣ, барои саҳми арзанда дар рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва нишондиҳандаи баланди варзишӣ ба 22 нафар варзишгарон, мураббиён ва собиқадорони варзиш тӯҳфаҳои хотирави ва сипоснома тақдим карда шуд.
Дар навбати худ, варзишгарон, мураббиён ва собиқадорон миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида, иброз доштанд, ки дар оянда низ мекӯшанд бо нишондиҳандаҳои баландӣ варзишӣ обрӯву нуфузи кишвари азизамонро дар арсаи байналхалқӣ баланд бардоранд.


10.08.2018 Нет комментариев