734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ  озмуни стипендияи Президентӣ баргузор гардид.

Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии иҷтимоии наврасону ҷавонони лаёқатманд ва дарёфти беҳтарин донишандӯзон санаи 8 августи соли 2018 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе озмуни стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонадагону донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои хониши 2018 – 2019 баргузор гардид.

Дар озмуни мазкур 43 нафар хонандагони болаёқати ноҳия баҳри ба даст овардани стипендияи Президентӣ  миёни ҳам рақобат намуданд. Мавриди зикр аст, ки аз миёни 43 нафар хонандагон таҳо 9 нафари онҳо барои гирифтани унвони гирандаи Стипендияи Президентӣ сазовор мегарданд.

Дар ҷумҳурӣ шумораи гирандагони стипендияи Президентӣ ба 400 нафар мерасад.


08.08.2018 Нет комментариев