734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Шоҳмансур: Шарафи варзишии мо самари Истиқлол аст

Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар доираи таҷлили “Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон” ва таҷлили 27-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Шарафи варзишии мо самари Истиқлол аст ” бо мақсади рушд ва оммавию мукамалгардонии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун самти афзалиятноки сиëсати иҷтимоӣ баҳри ташаккули шахсияти солим, ҳифзу беҳдошти саломатии сокинон ва таъмини пайвастаи дастовардҳои беназири варзишгарон дар доираи Барномаи маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ноҳияи Шоҳмансур барои солҳои 2017-2021 баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар устодони варзиш, собиқадорони соҳа ва мураббиёну варзишгарони ноҳия иштирок ва суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки маҳз бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансур даҳо мактабу маҷмааҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки ин барои рушду нумӯи варзиш замина гузошта, имрӯзҳо варзишгарони мо дар сабқатҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, шарафи Тоҷикистони азизро ҳимоят менамоянд.

Дар охир бахшида ба “Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон” бо мақсади ҳавасманд намудани як қатор варзишгарон ва қадрдонии заҳматҳои мураббиёну собиқадорони соҳаи варзиш ба онҳо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.


08.08.2018 Нет комментариев