734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Дар ноҳияи Ховалинг маркази ҷавонон бунёд мегардад

Дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фароҳам овардани шароити муосир ҷиҳати азхуднамоии донишҳои муосир, фароҳам овардани инфрасохтори зарурӣ ҷиҳати рушд ва ташаккули ҳунару истеъдод ва маҳорату малакаи наврасону ҷавонон ва ба ин васила фароҳам овардани рушди нерӯи инсонӣ дар шаҳру навоҳии кишвар бунёди Марказҳои ҷавонон бо маром идома доранд.

Имрӯз зимни сафари корӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдуллозода Аҳтам Рустам дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон аз ҷараёни корҳои сохтмонии Маркази ҷавонони ноҳияи Ховалинг дидан намуданд.

Мавриди зикр аст, ки сохтмони Маркази ҷавонони ноҳия аввали моҳи июли соли ҷорӣ оғоз гардида, бо маблағи 2,5 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ бунёд гардида, сохтмони он соли 2019  ба итмом мерасад.

Маркази ҷавонони ноҳияи Ховалин аз тагхона ва 2 ошёна иборат буда, дар он 11 утоқи корӣ бо тамоми шароитҳои замони муосир сохта ба истифода дода мешавад.

Маркази ҷавонон дар доираи корҳои сохтмонӣ ба истиқболи 30 – солагии Итиқлолияти давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон бунёд карда мешавад. Акнун ҷавонону наврасони кӯҳистони ноҳияи Ховалинг соҳиби маркази хуштарҳу замонавӣ гардида, метавонанд дар ин марказ  маҳорату малака ва истеъдоди худро сайқал бидиҳанд.


08.08.2018 Нет комментариев