734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Муроҷиатномаи ҷавонону варзишгарони  шаҳри Кӯлоб  

Ҷавонону варзишгарони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо дарки худшиносию худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ ва меҳанпарастӣ бар зиддӣ амалҳои ноадолатонаи гурӯҳи ҷавононе, ки бо супориши хоҷагони хориҷии худ рўзи 29  июли соли равон даст ба кирдори ноҷавонмардона зада, 7 нафар сайёҳони хориҷиро қасдан, зер намуда, 4 нафарашонро ба қатл расониданд, ба мардуми шаҳри Кӯлоби бостонӣ, халқи меҳнатдӯсти вилояти Хатлон ва мардуми сарбаланду саодаман ва меҳмоннавози миллати тоҷик муроҷиат карда, иброз менамоем:

Қазияи ба вуқуъомада ҳеҷ як фарди Тоҷикистониро бетараф намегузорад, зеро ин амали ноҷавонмардона боиси ташвишу нигаронӣ гардида, ба шаъну шараф ва эътибору эҳтироми миллат ва рушди сайёҳӣ дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ мерасонад, ки ҷавонону варзишгарони шаҳри Кӯлоб ин амали ноҷавонмардонаро маҳкум намуда, изҳори тассалияти худро ба хешу ақрабои фавтидагон мерасонанд.

         Мо – ҷавонону  варзишгарони шаҳри Кӯлоб амали фоҷиабори гурӯҳи экстремистӣ – терористии Ҳизби наҳзати Исломро маҳкум намуда, дубора гирди сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, дар ҳамкорӣ бо мақомоти қудратӣ барои пайдо ва решакан намудани ин гурӯҳҳо ва ҳаммаслаконашон ҳамкорӣ хоҳем намуд.

Мо ҷавонону варзишгарони шаҳри Кӯлоб бо дарки масъулияти баланди ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ, ифтихори ватандорию миллатсозӣ дар ҷавоб ба ин фоҷиаи нангину ноҷавонмардона пурра истодагарӣ карда, бо садоқати беимтиҳон нисбати марзу буми меҳан омодаем, дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пос доштани дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар ба муқобили ҳама гурӯҳҳои даҳшатафкан ва нооромкунандаи ҷомеа мубориза барем.

Ин ҳодиса моро бори дигар ҳушдор медиҳад, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем, дар атрофи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам зичтар муттаҳид бошем, дӯстро аз душман ҷудо карда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, зудбовар набошем ва  нагузорем, ки минбаъд душманони миллат ҳаёти хушбахтонаи халқро халалдор созанд, миллати тамаддунофару бофарҳанг ва меҳмондӯсту меҳмоннавози тоҷикро дар арсаи байналмиллалӣ бадному шармсор намоянд.Нест бод онҳое, ки “ба душмании халқ равонанд”, нафрат ба онҳое, ки пешрафту тараққиёт ва хушбахтии халқро дидан намехоҳанд.

Мо ҷавонону варзишгарони шаҳри Кӯлоб вилояти Хатлон бо дарки масъулияти ватандорӣ бо итминони комил дар зери парчами саодату иқбол ва фараҳмандию музаффарият дар атрофи сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, иброз менамоем, ки маҳз заҳмату талошҳо ва ҷоннисориҳои фарзона фарзанди миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон баъди  1100 соли таърихи сарсону саргардонӣ соҳиби давлати навин  гардида, аз як кишвари ба пораҳо тақсимгардида, Ватани ободу озод бунёд намуд, ки номи он Тоҷикистон аст.

Мо ин ваҳдату истиқлолият ва оромиву осудагиро, ки бо талошҳои Пешвои маҳбуби кишвар ба даст омадааст ҳифз менамоем ва агар лозим ояд, синаи хешро сипар баҳри ҳифзи арзишҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар менамоем.

Мо ҷавонону варзишгарони шаҳри Кӯлоб амалҳои нагину ғайриинсонии аъзоёни ташкилоти терористӣ – экстремистии  Ҳизби наҳзати исломро дар солҳои 90 – уми асри гузашта фаромуш накардаем ва он хиёнаткорон, ки мехоҳанд оромии кишварро  халалдор намоянд, амалҳои ноҷавонмардонаи онҳоро маҳкум намуда, то ҷон дар бадан дорем бар зидди онҳо муборизаи беамон хоҳем бурд.

Пояндаву ҷовидона бод сулҳу суббот ва Истиқлолияту Ваҳдат, нест бод гумроҳону тангназарон, бадбинону бадкешон ва разилони миллати тоҷик.

                                                                                                                                               Ҷавонону варзишгарони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон


04.08.2018 Нет комментариев