734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ҷоизаи Кумита дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ ва барномасозӣ дар соли 2018

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасманд намудани фаъолияти эҷодии ҷавонони  соҳибистеъдод, адибону рӯзноманигорон, рассомону бастакорон, режиссёрону меъморон ва санъаткорони ҷавоне, ки дар рушду инкишофи соҳаи худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо гузоштаанд, барои дарёфти ҷоизаи Кумита дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ ва барномасозӣ (компютерӣ/технологияҳои иттилоотӣ) барои соли 2018 озмун эълон менамояд.

         Ҷоиза аз рӯйи тартиби зайл баҳогузорӣ карда мешавад:

  • адибон (китобҳои илмӣ, бадеӣ, адабӣ, ашъор, осор);
  • рӯзноманигорон (мақолаҳо, маводҳои иттилоотӣ, барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, гузоришҳои хабарӣ (ба корҳо дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бартарият дода мешавад);
  • барномасозон (ихтирокорӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ, компютерӣ (ба корҳо дар самти ташаккули махзани иттилоотӣ, аз ҷумла дар соҳаи ҷавонон бартарият дода мешавад);
  • санъаткорон (сарояндагӣ, раққосӣ, тарроҳӣ, ҳунармандӣ расмҳои кашидаи хусусияти тарбиявидошта, портрет, пейзаж, нақшу нигор ва ғайра);
  • меъморон (лоиҳаҳои сохтмонӣ, боғу гулгаштҳои фарҳангию фароғатӣ, роҳравҳои варзишӣ, марказҳои ҷавонон, фаввораҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ғайра, ки истифодаи онҳо ба шароити Тоҷикистон мувофиқ бошад).

Ҳамчунин, барои иштирок дар озмун оид ба дарёфти Ҷоиза довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

  • варақаи шахсӣ, нусхаи шиноснома, нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба дараҷаи таҳсилот, тарҷумаи ҳол – ҳар кадом дар 2 нусха;
  • тавсифнома дар бораи фаъолияти эҷодӣ ва ҷамъиятии довталаб –2 нусха;
  • расми андозаи 4Х6 – 4 адад;
  • қарори муассисае, ки дар он довталаб адои вазифа ва ё таҳсил мекунад – 1 нусха;
  • рӯйхати корҳо;
  • баста ва ё маҷмӯи маводҳои марбут ба кори пешниҳодшуда.

         Ҳамаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда бояд дар ниҳодҳои дахлдор тасдиқ шуда бошанд.

         Дар озмун хоҳишмандон тариқи инфиродӣ ва ё дар ҳайати гурӯҳи эҷодӣ (то 4 нафар дар синну соли 14–30) ширкат варзида метавонанд.

         Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун ба суроғаи дар поён овардашуда то 20 сентябри соли 2018, соати 14:00 сурат мегирад.

Маълумоти иловагиро вобаста ба талаботи озмун метавонед аз суроғаи зерин дастрас намоед:

Шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная 6; телефон барои тамос (+37) 2363726, 236,7815, 904.06.60.74 п/э.-www.youth.tj, diloshub.rozikov@mail.ru

ТАРТИБИ

ҶОИЗАИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ

НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР СОҲАИ АДАБИЁТ, РӮЗНОМАНИГОРӢ, САНЪАТ,

МЕЪМОРӢ ВА БАРНОМАСОЗӢ

  1. Тартиби ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва меъморӣ (минбаъд Тартиб) ҷараёни амалисозии ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, барномасозӣ ва меъмориро (минбаъд Ҷоиза) ба танзим дароварда, роҳу усул ва нишондиҳандаҳои асосии амалисозии Ҷоизаро муайян месозад.
  2. Ҷоиза дар асоси моддаҳои 4 ва 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» бо мақсади дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасманд гардонидани соҳибистеъдодҳои ҷавон дар фаъолияти эҷодӣ таъсис дода шудааст.
  3. Ҷоиза ба панҷ соҳа: адабиёт, санъат, рӯзноманигорӣ, меъморӣ ва барномасозӣ равона гардида, дар соли 2018, 28 ҷоиза ҳар кадом ба маблағи 1000 (як ҳазор) сомонӣ, дар маҷмуъ 28000 сомонӣ ва барои чопи шаҳодатномаи ҷоизаҳо дар маҷмуъ 2000 (ду ҳазор) сомонӣ дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018 муқаррар карда шудааст.
  4. Давраи амал намудани Ҷоиза дар сурати аз нав қабул гардидани Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё ҳамшабеҳи он мутаносибан ба давраи нав мегузарад. Дар ин сурат ҳаҷми маблағи Ҷоиза низ дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав дида баромада мешавад.
  5. Ҷоиза барои фаъолияти пурсамари эҷодӣ ба адибон, рӯзноманигорон, барномасозон, санъаткорон ва меъморон, ки дар рушду инкишофи соҳаи худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо гузоштаанд, мувофиқи қарори Ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 1 сол як маротиба дода мешавад.
  6. Барои дарёфти Ҷоиза адибон, рӯзноманигорон, барномасозон, санъаткорон ва меъморони ҷавоне, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, бо тариқи инфиродӣ ва ё дар ҳайати гуруҳи эҷодӣ (то 4 нафар) дар озмун ширкат варзида метавонанд.
  7. Синни довталабони Ҷоиза дар рӯзи пешбарӣ набояд аз сини 30 сола боло бошад.
  8. Барои дарёфти Ҷоиза корҳое, ки муаллифони онҳо ба ҷоизаҳои моҳияти давлатидошта сарфароз гардидаанд, қабул ва баррасӣ карда намешаванд.
  9. Корҳо барои дарёфти Ҷоиза бо пешниҳоди вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, корхонаҳо, иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ сурат мегирад.
  10. Ба шахсоне, ки сазовори Ҷоиза мегарданд, диплом ва нишони фахрӣ супорида мешавад. Дар сурати ба Ҷоиза сарфароз гардидани гурӯҳи эҷодӣ маблағи пулии он дар байни аъзоёни гурӯҳ баробар тақсим мегардад.
  11. Кор ва ё мавод бояд дар шакли пурра ба анҷомрасида (дар амал қарор доштан ва ё барои амалӣ шудан омодагашта) бошад. Корҳои нимпурра ва ё дар шакли лоиҳаи нотамом пешбаригардида баррасӣ карда намешаванд.
  12. Пешниҳоди корҳо мувофиқи тартиби зерин сурат мегирад:
  • адибон (китобҳои илмӣ, бадеӣ, адабӣ, ашъор, осор);
  • рӯзноманигорон (мақолаҳо, маводҳои иттилоотӣ, барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, гузоришҳои хабарӣ (ба корҳо дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бартарият дода мешавад);
  • барномасозон (ихтирокорӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ, компютерӣ (ба корҳо дар самти ташаккули махзани иттилоотӣ, аз ҷумла дар соҳаи ҷавонон бартарият дода мешавад);
  • санъаткорон (сарояндагӣ, раққосӣ, тарроҳӣ, ҳунармандӣ расмҳои кашидаи хусусияти тарбиявидошта, портрет, пейзаж, нақшу нигор ва ғайра);
  • меъморон (лоиҳаҳои сохтмонӣ, боғу гулгаштҳои фарҳангию фароғатӣ, роҳравҳои варзишӣ, марказҳои ҷавонон, фаввораҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ғайра, ки истифодаи онҳо ба шароити Тоҷикистон мувофиқ бошад).

        Ҳамчунин, барои иштирок дар озмун оид ба дарёфти Ҷоиза довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

  • варақаи шахсӣ, нусхаи шиноснома, нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба дараҷаи таҳсилот, тарҷумаи ҳол – ҳар кадом дар 2 нусха;
  • тавсифнома дар бораи фаъолияти эҷодӣ ва ҷамъиятии довталаб –2 нусха;
  • расми андозаи 4Х6 – 4 адад;
  • қарори муассисае, ки дар он довталаб адои вазифа ва ё таҳсил мекунад – 1 нусха;
  • рӯйхати корҳо;
  • баста ва ё маҷмӯи маводҳои марбут ба кори пешниҳодшуда.

         Ҳамаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда бояд дар ниҳодҳои дахлдор тасдиқ шуда бошанд.

13.Барои гузаронидани озмун дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон, ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи баҳогузории корҳо оид ба дарёфти Ҷоиза (минбаъд Комиссия) таъсис дода мешавад.

14.Ҳайати Комиссия аз ҳисоби мутахассисони дахлдори соҳаҳои Ҷоиза ташкил гардида, аз ҷониби Раиси Кумита тасдиқ карда мешавад.

15.Ҳайати Комиссия иборат аз Раис, котиби Комиссия ва 6 намояндагӣ/аъзо аз соҳаҳои дахлдор ташкил мегардад.

16.Теъдоди Ҷоиза аз рӯи соҳаҳои он (адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, барномасозӣ ва меъморӣ) бо дарназардошти теъдоди корҳои пешниҳодшуда аз ҷониби Комиссия муайян карда мешавад. Дар сурати пешниҳод нагардидани корҳо барои дилхоҳ соҳа ва ё пешниҳод гардидани теъдоди ками корҳо (то 2 кор) ҷойи он ба дигар соҳа дода мешавад. Ҳамзамон, дар сурати бо теъдоди зиёд пешниҳод гардидани корҳо барои дилхоҳ соҳа, барои он аз ҳисоби дигар соҳаҳо ҷойҳо ҷудо карда мешаванд.

17.Ҷоиза аз рӯи соҳаҳои худ (адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, барномасозӣ ва меъморӣ) метавонад ба якчанд ҷой ҷудо шавад. Ҷойҳои Ҷоиза аз рӯи соҳаҳо бо назардошти банди 16. баробар тақсим шуда, бо қарори (суратҷаласаи) Комиссия тасдиқ карда мешавад.

Эзоҳ: ҳангоми зиёд будани теъдоди корҳои довталабон Комиссияи баҳогузории корҳо оид ба дарёфти Ҷоиза ҳуқуқ дорад, ки як ҷоизаро байни довталабон тақсим намояд.


18.07.2018 Нет комментариев