734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо» дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид.

Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо» баргузор гардид.
Дар кори конфронс роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ, кор бо занон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимон ва муҳаққиқони ҷавонон, ҷавонони касбу кори гуногун ва кормандони ҷавони вазорату идораҳо бо маърӯзаҳои илмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки Дар Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи сабти намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ дар фењристњои ЮНЕСКО, дастгирии ҳунармандоне, ки бо маҳсули дасти худ ҳунарҳои фаромӯшшудаю аз байнрафтаи мардумиро дубора эҳё мекунанд, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардид.
Мусаллам аст, ки маҳсулоти ҳунармандӣ ва намунаҳои фарҳанги суннати миллати тоҷик яке аз василаҳои ҷалби сайёҳон ба кишвар маҳсуб ёфта, сарзамини мо бо табиати дилошўбу фарҳанги нотакророраш ҳазорон сайёҳону дӯстдорони табиатро ҳамасола ба сўи худ ҷалб менамояд, таъкид гардид дар кори конфронс.
Ҳамзамон олимони ҷавон иброз намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мероси бойи таърихию фарњангӣ ва дорои захираҳои табиию рекреатсионие мебошад, ки барои рушди ҳам сайёҳи дохилӣ ва ҳам қабули сайёҳони хориҷӣ басо муфид ва натиҷаовар аст.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи кори конфронс иштирокчиён аз мавзеъҳои таърихию сайёҳии шаҳри Ҳисор дидан намуданд.


12.07.2018 Нет комментариев