734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мо ба зидди ВНМ/БПМН мубориза мебарем

12 июли соли 2018 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 52 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе миёни ҷавонони касбу кори гуногун мизи мудаввар дар самти пешгирии паҳншавии вируси норасоии масунияти одам (ВНМ/БПМН) таҳти унвони “Мо тарафдори оилаи солимем” баргузор гардид.

Дар рафти баргузории мизи мудаввар масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе иштирок намуда, иброз доштанд, ки мо ҷавонон бояд барои пешгирии ҳамсолону ҳамсабақон ва аҳолии кишвар аз ин бемории хатарнок ВНМ/БПМН дар якҷоягӣ корҳои иттиллоотиро бештар ба роҳ монем.

 Масъули иброз намуданд, ки мақсад аз ташкили чорабинии мазкур бори дигар баланд бардоштани сатҳи иттиллоотнокии ҷавонон, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ба ин васила пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна омилҳои номатлуби замони муосир мебошад.


12.07.2018 Нет комментариев