734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ғолибияти варзишгарони тоҷик дар Қирғизистон

5-6 июли соли равон дар шаҳри Ҷолпон-Атаи Қирғизистон 4 – умин  мусобиқаи байналмилалии Open Issykkul-2018 оид ба каратэ-до WKF баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 350 варзишгарони Осиёи Миёна аз кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.

Дар ин мусобиқа дар вазни 61кг Ҳомидов Шӯҳрат миёни ҷавонони синну солашон 16-17 сола ҷойи аввалро сиҳиб гардида, дар вазни 35 кг миёни наврасони сину солашон 10-11 сола Раҳматуллоев Суҳроб.сазовори ҷойи дуюм гардид.

Дар вазни 61 кг миёни наврасону ҷавонони сину солашон 16 -17 сола Шодиев Умед ва Исломов Шамсиддин дар вазни 51кг ҷои сеюмро соҳиб гардиданд. Ҳайдаров Ҷавоҳир бошад миёни ҷавонони сини солашон 18 сола дар +75 кг сазовори ҷои сеюм гардид.

Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 10 нафар варзишгар муаррифӣ  намуданд.


12.07.2018 Нет комментариев