734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо» дар шаҳри Ҳисор баргузор мегардад

Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 11:00 дар шаҳри Ҳисор конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо» баргузор мегардад.

Дар кори конфронс олимон ва муҳаққиқони ҷавонон, ҷавонони касбу кори гуногун ва кормандони ҷавони вазорату идораҳо бо маърӯзаҳои илмӣ иштирок хоҳанд кард.

Ҳамзамон, дар доираи кори конфронс иштирокчиён аз мавзеъҳои таърихию сайёҳии шаҳри Ҳисор дидан менамоянд. 


12.07.2018 Нет комментариев