734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мулоқоти Абдуллозода Аҳтам Рустам бо волонтёрон

Нимаи дуюми рӯзи 10-уми июли соли 2018 мулоқоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам бо волонтёрони Кумита, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он баргузор гардид.

Зимни мулоқот вобаста ба рушди фаъолияти волонтёрӣ, таҳияи Нақшаи корӣ барои нимсолаи дуюми соли 2018, ташкил ва баргузории мулоқоту вохӯриҳо, семинару тренингҳо ва аксияҳои гуногуни оммавию варзишӣ, иттиллоотӣ бо усули “ҳамсол ба ҳамсол”, “хона ба хона” ва “деҳа ба деҳа” зикр гардид.

Раиси Кумита Аҳтам Абдуллозода иброз намуданд, ки фаъолияти волонтёрӣ фаъолияти хайрхоҳӣ буда, барои ҳар як ҷавон мактаби мардонагӣ, омӯзиш ва такмили маҳорату малака мебошад.

Фаъолияти волонтёрӣ барои ҷавонон имкон фароҳам меоварад, ки  ҷавонон маҳорату малака, ҳунару истеъдод ва ҷаҳонбинии хешро  васеъ намоянд ва яке аз мутахассисони баландихтисос гардида, ба Ватан – Модар содиқона хизмат намоянд.

Фаъолияти волонтёрӣ меҳри Ватан, садоқат ба ин марзу бум ва ҳисси ватандӯстии насли наврасро дучанд намуда, наврасону ҷавонон тавассути ин навъи фаъолияти ҷамъиятӣ метавонанд  худро ба ҷомеа муаррифӣ намоянд – зикр намуд зимни суханронии хеш Абдуллозода Аҳтам Рустам.

Дар мулоқот натиҷаи фаъолитяи волонтёрӣ дар нимсолаи аввали соли 2018 баррасӣ гардида, ташаббусу иқдомот ва баргузории чорабиниҳои ташкилнамудаи волонтёрон дар ин давра хуб арзёбӣ гардид.

Зикр гардид, ки имрӯз дар дурдастарин шаҳру навоҳии кишвар аз ҷониби ҷавонон клубҳову маҳфилҳои волонтёрӣ ташкил карда шудааст, ки ҳамарӯза дар пешрафти Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми арзишманди худро мегузоранд.


11.07.2018 Нет комментариев