734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Озмуни “Ҳунарҳои мардумӣ” миёни ҷавонон дар ноҳияи Носири Хусрав

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон бахшида ба соли “Рушди саëҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” озмуни ноҳиявиро таҳти унвони  “Ҳунарҳои мардумӣ” миёни наврасону ҷавонон баргузор намуда истодааст.

Озмуни мазкур миёни наврасону ҷавонони 31 шаҳраку деҳаҳои ноҳияи Носири Хусрав баргузор гардида, дар арафаи таҷлили 27 – умин солгарди Рӯзи Итиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад.

Мавриди зикр аст, ки то ҳол озмуни мазкур дар 6 деҳаи ноҳия баргузор гардида, дар онҳо шумораи зиёди наврасону ҷавонон ҳунарҳои дастӣ, дастоварду маҳсули кори худро ба аъзои ҳакамон нишон додаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки имрӯз озмуни мазкур дар маҳалаи Бадахшони шаҳраки Баҳори ноҳияи Носири Хусрав баргузор гардид, ки дар он 80 нафар ҷавонон маҳсули кори худро ба намоиш гузоштанд.


11.07.2018 Нет комментариев