73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Иштироки варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Осиё дар Ҳонг Конг

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо миёни наврасон ва ҷавонон дар ҳайати ҳафт нафар ҷиҳати иштирок дар Ҷоми Осиё ба Ҳонг Конг сафар кард.
13-15 июл дар Ҳонг Конг Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон ва ҷавонон баргузор мешавад. Дар мусобиқа миёни наврасон 133 варзишгар (84 писар, 49 духтар) аз 27 давлати қора иштирок мекунанд. Ҷумҳурии моро 4 нафар намояндагӣ мекунанд: Сулаймони Ҷамшед (вазни -60 кг), Ғаниев Ғаниҷон (-73 кг), Холиқов Фаридун (-81 кг), Қурбонов Эмомризо (-90). Варзишгарони наврас барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки моҳи октябри имсол дар Буэнос Айреси Аргентина доир мегардад, соҳиби хол мегарданд.
Дар рақобатҳо миёни ҷавонон бошад, 127 варзишгар (76 писар, 51 духтар) барои ҷоизаҳо талош менамоянд. Аз ҷумҳурии мо 3 варзишгар – Хайёмиддин Ҷабборов (-73 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг), Муҳаммадуллоҳ Лоиқов (-90 кг) дар ин мусобиқа иштирок мекунанд.


11.07.2018 Нет комментариев