73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Рушди фаъолияти соҳибкорӣ

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ ва Муъминободи вилояти Хатлон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Рушди фаъолияти соҳибкорӣ” баргузор гардид.

Дар семинарҳои мазкур зиёда аз 50 нафарӣ соҳибкорони ҷавон ва ҷавонони касбу кори гуногун ҷалб гардида, ба онҳо тарзи тартиби нақшаи соҳибкорӣ, тартиби ба муомилот баровардани истеҳсолот, хариду фӯруши маҳсулот ва нозукиҳои фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби мутахассисони соҳа омӯзонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки баргузории чунин семинару тренингҳои омӯзишӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш мунтазам дар шаҳру навоҳии кишвар баргузор мегардад, ки ин барои рушди фаъолияти соҳибкории хӯрду бузург дар кишвар заминаи мусоид фароҳам меоварад. 


11.07.2018 Нет комментариев