73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мо тарафдори оилаи солимем!

Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душнбе дар истироҳатгоҳи тобистонаи “Шарора ” мизи мудаввар таҳти унвони “Мо тарафдори оилаи солимем!” баргузор гардид.
Дар баргузории мизи мудаввар гирандагони стипендиҳои Президентӣ, раисони шаҳру ноҳия, ҷавонони фаъол, ғолибони олимпиадаҳои сатҳи ноҳиявию шаҳри иштирок намуда, фикру андеша ва роҳҳои пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавонро аз нигоҳи усули “ҳамсол ба ҳамсол” иброз намуданд.
Таъкид гардид, ки дар партави сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат, мухтарам Эмомали Рахмон имрӯз барои бунёди оила, рушду такомул ёфтани наврасон садҳои иншоотҳои маишӣ ва маданӣ бунёд гардидааст. Мо ҷавонон вазифадорем, ки арзишҳои мадании халқи тоҷикро ҳифз намоем, оилаи худро дӯст дорем ва баҳри мустаҳкамии он тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намоем.


11.07.2018 Нет комментариев