734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ғолибияти варзишгари тоҷик дар Амрико

Варзишгари маъруфи тоҷик Исроилов Сунатулло дар  мусобиқаи теннис барои дарёфти Ҷоми Ассотсиатсияи тенниси ИМА, ки

аз санаи 6 то 9 июли соли 2018 дар шаҳри Ню – Ҷерси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гашт, сазовори ҷои аввал гардид.
Дар мусобиқаи мазкур 32 варзишгари маъруфи ҷаҳон байни ҳам рақобат намуда, варзишгари тоҷик тавонист маҳорати баланди касбии худро нишон диҳад.
Сунаттуло Исроилов дар сабкати аввал бо варзишгари маъруфи Ҳидустон Ховард Шерман, дар сабкати дуюм бо варзишгари маъруфи Украина Пётр Гремлич, дар сабкати сеюм бо варзишгари Амрико Кевин Ллинитс ғалаба ба даст оварда, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.
Дар даври ниманиҳоӣ варзишгари маъруфи тоҷик Сунаттуло Исроилов бар варзишгари маъруфи Олмон Прозанно Фернандо ғалаба ба даст оварда, дар бозии финалӣ бо варзишгари маъруфи Амрико Энтони Ҷилдеркс бо ҳисоби 6/1, 6/3 голиб баромада, сазовори ҷои аввал гардид. 
Мавриди зикр аст, ки Исроилов Суннатулло се маротиба дар мусобиқаи мазкур дар шаҳрҳои Флорида, Ню – Ҷерсӣ ва Ню – Йорки Амрико иштирок намуда, сазовори ҷои аввал гардидааст.

Варзишгари тоҷик Суннатулло Исроилов айни ҳол дар Академияи теннис ба номи Ҷонс Гарсияи шаҳри Флоридаи Амрико барои иштирок дар ҷоми Девис, ки соли 2019 баргузор мегардад,омодагӣ дида истодааст.


10.07.2018 Нет комментариев