73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ҷавонӣ мехурӯшад мисли дарё

Бо ташаббуси Кумиатаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи “Парчами давлатӣ” бо мақсади баланд бардоштани завқи эҷодии ҷавонон, тарбияи фарҳангдӯстии онҳо, дарёфти истеъдодҳои нав ва тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар доираи эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” чорабинии шоми эҷодии навқаламони ҷавон ва Фестивали ҷумҳуриявии фарҳангӣ таҳти унвони “Ҷавонӣ мехурӯшад мисли дарё” баргузор гардид.

Мавриди зикр аст, ки чорабинии мазкур дар сатҳи баланди ташкилӣ бо иштироки сарояндагони шинохтаи эстарадаи тоҷик, сарояндагони ҷавону умедбахш, донишҷӯёни Донишкадаи фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов ва аъзоёни маҳфили адибони ҷавони назди Кумита  баргузор гардид.

Дар фарҷоми чорабинӣ. ба иштирокчиёни Фестивал диплому сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.


10.07.2018 Нет комментариев