734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ба сол ҷавону ба таҷриба бузург

Ҷавон будан ҳама вақт маънои камтаҷриба буданро надорад. Баъзан зиракиву дониши баланд ва диди нозук сабаб мешаваду як ҷавон дар муддати кӯтоҳ аз тамоми ҷузъиёт ва назокати касбе баҳравар мегардад. Албатта, барои ба ин мақом расидан касро иродаи матин ва омӯзиши пайваста мебояд. Гузашта аз ин, дар ҳаёти мо кам нестанд нафароне, ки дар баробари кордонию дониши баланд хислатҳои ҳамида ва хушмуомилагиашон боиси вирди забонҳо гаштани номашон мешавад. Хурду калон, шиносу ношинос, ёру дӯст ва ҳамнишину ҳамкор аз онҳо дар ҳозиру ғоиб бо хушӣ ёдовар мешаванд. Рафтору гуфторашонро намунаи ибрат ҳисобида, ба онҳо пайравӣ менамоянд. Чунин нафаронро на касбу вазифа баландмартаба мегардонад, балки онҳо ба касбу вазифа обрӯ бахшида онро баландтар месозанд. Бахтиёр Каримов аз зумраи чунин нафарон мебошад.

Бахтиёр дандонпизишк аст. Ё ба таъбири мардум – духтури дандон. Ӯ ҳоло ҷавон буда, дар зиндагӣ покӣ, дар гуфтор ростӣ, дар рафоқат ҷонфидоӣ, дар кор масъулияти баланд, дар ҳаёти оила вафову садоқат, дар ободгароӣ иқдомпазирӣ ва дар миёни ҳамкорон ҳамгироиро шиори худ кардааст. Ба таъкиди ҳакими Машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино дарди бемор пас аз суҳбати нахустин бо табиб мебояд сабук шавад. Ин нуктаро Бахтиёр ба хубӣ дарку фаҳм кардааст. Зеро дар нахустин дидор ҳар касалманд аз хушгуфторию хушрафторӣ ва дилбардории хубаш дардро ба гӯшаи фаромушӣ месупорад. Чуноне ин табиби ҷавон мегӯяд: “Гоҳо бемороне, ки аз дарди дандон шикоят карда барои кандани он ба наздам меоянд, баъди чанд лаҳза суҳбат аз фикрашон мегарданд. “Ин дафъа ки дарди дандонам хуруҷ кард, омада табобат мекунам”, – мегӯянду бо ман хайру хуш мекунанд”.

Аз нигоҳи қаҳрамони мо табиб ҳамонест, ки ба зоҳиру ботин зебо ва ҳамеша аз паи омӯзишу такмили дониши худ аст: “Табиб бояд дасти навозишкор, дили пок, чеҳраи кушода, забони хуш дошта бошад ва дарк намояд, ки ҳамаи ин тавъам бо доруву даво ба таъҷилан шифо ёфтани бемор мусоидат мекунад”, – мегӯяд Бахтиёр Каримов.

Табибӣ фиребро намеписандад

Ҷуз саломатӣ дар зиндагӣ метавон ҳамаро ба даст овард. Саломатӣ гавҳари ноёб асту онро ба ҳеҷ қимате наметавон харид. То замоне, ки тану ҷисми мо солим аст, ин нуктаро дарк намекунем. Даме ки бемор мешавем, баъд ба қадри саломатӣ мерасему паи ҷустуҷӯи табиб мебароем. Маҳз ҳамин давра табибро мушкилкушои хеш мебинему ба фикр фурӯ меравем: ба кадом табиб муроҷиат кунем, ки ботаҷриба бошаду донишманд, то тавонад моро ба хубӣ табобат кунад. Ин замон дарк мекунем, ки танҳо табибон пайваста барои сиҳатии мардум кӯшиш ба харҷ дода, ҳаёти ҳазорон бемори дар дами маргро наҷот медиҳанд.

Бешак ҳар як касбу кор барои беҳбуд бахшидани зиндагии мост. Аммо андешаҳои Бахтиёр Каримов дар бораи пешаи табибӣ ин касбро бо баъзе хусусиятҳо авлавият медиҳад. Ӯ андеша дорад, ки вақте инсон касби табибиро интихоб мекунад, дигар ба касеву чизе муҳтоҷ намешавад. Балки бе миннат ва бо роҳи ҳалол метавонад касби ризқ намояд. Ҳамчунин, шояд ягона касбест, ки аз инсон дониш ва таҷрибаи ғаниро талаб мекунад, чун дар табибӣ ҳеҷ гуна роҳи фиребу тақаллуб ба кор бурда намешавад: “Барои як табиб лозим нест, ки барои дарёфти ҷои кор овора шавад. Пеши касе ҳам барои ин муҳтоҷ намешавад. Агар табиб хоҳад, аз дари хонааш берун нарафта ризқу рӯзиашро пайдо мекунад. Табиб агар натиҷаи хуби корӣ нишон диҳад, танҳо ду-се соли фаъолият басанда аст, ки ӯро то охири умр касбаш хӯронаду пӯшонад. Ҳамчунин, ягона пешаест, ки соҳиби он ҳамеша паи хизмати мардум аст. Ба мушкилии мардум расидагӣ мекунад. Вақте табиб ба дарди як бемор, бо хости Худо даво мебахшад, хурсандиаш беҳудуд мешавад ва лаззати ин ҳолро танҳо онҳое ҳис мекунанд, ки табибанд. Ҳамин хусусиятҳоро ба инобат гирифта касби табибиро интихоб кардам. Аммо бояд инро ҳам донист, ки барои табиб шудан пеш аз ҳама меҳру муҳаббат ба касб лозим аст. Шахсе, ки табиб мешавад, бояд маърифати баланд, дониши мукаммали касбӣ, лаёқати суханварӣ, дили пок дошта бошад. Бемор агар зан бошад ӯро чун модару хоҳар ва агар мард бошад чун падару бародар бидонад”, – таъкид мекунад ӯ.

Бахтиёр мегӯяд табиб дар кадом ҳолате набошад бояд қарзи касбии худро ба ҷо орад. Ба ибораи дигар, ба савганди Гиппократ содиқ бимонад. Хусусан дар ҳолатҳои садамаву офатҳои табиӣ ҳатман ба расонидани ёрии аввалин омода бошад. Зеро ин агар аз як тараф қарзи касбии табиб бошад, аз ҷониби дигар қарзи инсонии вай аст. Тавре ба мо маълум гардид, қаҳрамони мо, табиби ҷавон Бахтиёр Каримов борҳо ба чунин ҳолатҳо дучор омадааст ва як зарра ҳам таваққуф накарда, дасту остин барзада ба имдоди маҷруҳон шитофтааст. Ба ин, албатта, худи вай иқрор шудан нахост, ки нишони хоксории ӯст ва хислати шоистаи дигаре барои ҳар як табиб. Ба ҷои он чунин гуфт: “Дар зиндагӣ бар ҳар як инсон муяссар мешавад, ки ба дигарон дасти мадад дароз намояд, хоҳ он нaфар кадом шиносаш бошад ва ё ягон нафари бегона. Муҳим ин аст, ки ёрӣ беминнат бошад ва бидуни намоишкорӣ. Пеши Худованд ҳам ҳамин навъи некӣ мақбултар аст…”

Роҳ сӯи мақсуд

Дар аксар ҳолатҳо волидон касбу кори худро ба фарзандонашон меомӯзанду ба ин васила онро ба мерос мегузоранд. Аз ҷумла ба касби табибӣ низ дар бисёре аз ҳолатҳо ҷавонон ба василаи падару модар ва бародару хоҳари бузургашон майл мекунанд. Сабабаш ҳам аён аст, вақте ки кӯдак дар хона китобу дастурҳоро доир ба тиб мебинад, табиист, ки ба он аввал майл ва рафта-рафта шавқ пайдо мекунад. Аммо Бахтиёр баъди хатми синфи даҳум тасмим гирифт, ки табиб мешавад. Ва маҳз бо таъкидҳои пайвастаи амакаш ӯ духтури дандон шуд. Ҳамин тавр соли 2005 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2010 ба итмом расонид. Баъди хатми донишгоҳ ба зинаи дуюми илм – риштаи магистрӣ шомил шуда, соли 2012 дипломашро ба даст овард. Аз соли 2013 инҷониб ҳамчун аспиранти ДДТТ фаъолияти илмӣ намуда, дар назар аст, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ рисолаи номзадӣ ҳимоя кунад.

Бахтиёр Каримов таҷрибаи амалиро низ баробар бо донишҳои назариявӣ мегузорад. Ба андешаи ӯ ҳар нафаре, ки табиб мешавад, бояд аз овони донишҷӯӣ худро ба корҳои амалӣ ҷалб созад. Аз рӯзҳои аввали таҷрибаомӯзии худ Бахтиёр чунин қисса кард: “Аввалин бор ҳангоми донишҷӯи курси сеюм буданам ба корҳои амалӣ оғоз кардам. Устодам дандони беморро сӯзандору гузарониду ба мо шогирдон супориш дод, ки онро биканем. Хушбахтона дар аввалин таҷрибаи амалиам муваффақ шудам ва шавқу ҳавасам ба касб дучанд гашт…”

Бахтиёр зиёда аз даҳ сол мешавад, ки ҳамчун дандонпизишк фаъолият дорад. Баъди хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар кафедраи стомотологияи муолиҷавии донишгоҳ ба кор даромада, таҷрибаи амалии худро бой гардонидааст. Баҳри такмили дониш ва ҷаҳонбинии васеъ мавсуф соли 2011 ба Ҷумҳурии халқии Чин, соли 2016 ба давлатҳои Олмон, Фаронса, Белгия ва Ҳоланд сафар кардааст. Айни ҳол Бахтиёр Каримов дар Муассисаи давлатии маркази саломатии шаҳрии №10 кору фаъолият дорад. Ҳамчунин дар Донишгоҳи тиббӣ ба донишҷӯён дониш ва таҷрибаи хешро меомӯзад.

Ба ин табиби ҷавон ҳам дар роҳи табибӣ ва ҳам дар ҷодаи илм комёбиҳо таманно намуда, умед дорем, ки бо таҷрибаву муносибати намунавиаш баҳри халқи азиз хидмат мекунад.


23.06.2018 Нет комментариев