734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Дилшод Назаров аввалин медали худро дар соли 2018 соҳиб гардид

Варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров,  чемпиони Бозиҳои олимпӣ дар мусобиқаи навбатии силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge» сазовори медали биринҷӣ шуд.

Мусобиқаи 64-ум ба хотираи қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Ҷанус Кусосинскӣ («Janusz Kusocinski Memorial») 8 июн дар шаҳри Чорзуви Полша доир гардид.

Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,18 метр ҳаво дода, ҷои сеюмро ишғол кард. Ҷойҳои аввалу дуюм насиби полякҳо Войсех Новитский (80.63) ва Павел Файдек (80.04) гардид.

Силсилаи мусобиқаҳои Ассотсиатсияи байналмилалии варзиши сабук соли равон 10 ададро ташкил медиҳад. Мусобиқаи якум дар Ямайка доир гашт. Баъдан Осакаи Япония мизбони мусобиқаи варзиши сабук гардид (Seiko Golden Grand Prix Osaka-2018), ки Дилшод Назаров бо натиҷаи 75.01 ҷои чорумро ишғол кард.

Дилшод Назаров ҳамчунин дар мусобиқаи «Paavo Nurmi Games» (Финландия) низ ширкат карда, бо натиҷаи 76.16 сазовори ҷои панҷум шуд.

Феълан дар раддабандии беҳтарин гурзандози ҷаҳон Дилшод Назаров бо 229.35 хол дар ҷои сеюм аст. Павел Файдек (237.41) дар ҷои аввал, Войсех Новитский (236.70) дар ҷои дуюм, Бенс Халаж аз Венгрия (228.66) дар ҷои чорум, Марсел Ломнитский аз Словакия (222.95) дар ҷои панҷум қарор доранд.

 


14.06.2018 Нет комментариев