73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мо – ҷавонон пайравони Пешвои миллатем

11 апрели соли 2018 бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов», Ҳамоиши ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Мо ҷавонон – пайравони Пешвои миллатем!» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳо, собиқадорони соҳа, фаъолҷавонони ташкилоту муассисаҳо, гирандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, устодону донишҷўёни муассисаҳои оливу миёна,ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмунҳо, фестивалҳо ва чорабинҳои фарҳангиву варзишӣ иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш иштирокчиён вобаста ба дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки мо ҷавонони шаҳри Душанбе иқдомҳои наҷибонаи Роҳбари давлатро ҷонидорӣ намуда, чун пайравони асили Пешвои миллат дар роҳи ободонию созандагии кишвар камари ҳиммат мебандем.
Ҳамзамон, дар доираи ҳамоиш маросими ҷоизасупории озмунҳои Ровиёни ҷавон таҳти унвони «Санъати сухан», Фестивали шаҳрии «Бадеҳахонӣ», Фестивали навозиши асбобњои миллии мусиқӣ таҳти унвони «Тараннуми ҷавонӣ», Фестивал-озмуни рассомони наврасу ҷавон таҳти унвони «Манзараҳои шаҳри ман», озмуни мақола ва иншои беҳтарин таҳти унвони «Душанбе: дирўз, имрўз ва фардо» ва озмун-викторинаи радиоӣ дар мавзўи «Шаҳри мо-хонаи мо» ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли онҳо сурат гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки ба як қатор ҷавонони фаъол, собиқадорони соҳа, намояндагони сохторҳои маориф, фарҳанг, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, кормандони воситаҳои ахбори омма ва варзишгарон барои саҳми арзанда ва ҳамкориҳои судманд дар татбиқи сиёсати давлатии қавонон, бахусус ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ, тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ватандўстӣ ва худшиносии миллӣ бо сипоснома ва ифтихонома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.


12.06.2018 Нет комментариев