734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Баргузории силсиламулоқотҳо дар ноҳияи Айнӣ

Баргузории силсила мулоқотҳо дар пайгирии ташаббусҳо ва иқдомҳои наҷибонаи Пешвои маҳбуби кишвар аз руи принсипи “Маҳал ба маҳал” ва “Деҳа ба деҳа” дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд вобаста ба расонидани муҳтавои мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12 майи соли 2018 бо фарогирии зиёда аз 900 нафар ҷавонону наврасон ва аҳли ҷамоатчигӣ баргузор гардид.

          Тавре иттилоъ доданд, дар Ҷамоати деҳоти Зарафшон, деҳаи Дардар ва дар маркази ноҳияи Айнӣ мулоқоти масъулини Кумита ва волонтёрон бо сокинони фаъоли ҷамоату деҳоти Айнӣ, варзишгарону мураббиён ва рмӯзгорони ноҳия баргузор гардид.

          Ҳамзамон, дар маркази ноҳияи Айнӣ семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Солимӣ  мароми мост” бо ҷалби ҷавонону наврасон баргузор гардид.

          Мақсад аз баргузории силсила чорабиниҳо ин расонидани нуктаҳои муҳими мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли ҷамоатчигии кишвар, ки санаи 12 майи соли 2018 дар Кохи Борбад баргузор гардид, фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон,  пешгирии ҷавонону наврасон аз омилҳои номатлуби ҷомеа, интихоби тарзи ҳаёти солим, нагаравидан ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, пешгирии бемориҳои ВНМО/БПМН, сил  ва ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, имрӯз чунин суҳбату вохӯриҳо дар шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Роғун, Дарвоз, Кӯлоб, Хуросон ва Бохтар баргузор гардиданд.


11.06.2018 Нет комментариев