73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Дастаи «Истиқлол» дар ҷадвали Лигаи олӣ ба ҷои аввал баромад

Шоми  дирӯз дастаи футболи  «Истиқлол»-и Душанбе   дар бозии мавқуфгузоштаи даври 8-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ бар  дастаи  КМВА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда, дар ҷадвали Лигаи олӣ ба ҷои аввал баромад.

Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳузури  мухлисони сершумор  ҷолибу диданӣ  баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ  голҳои   дастаи футболи  «Истиқлол»-ро Аҳтам Назаров ва  Муҳаммадҷон Раҳимов ба ҳадаф расониданд. Як голи дастаи КМВА «Помир»-ро Шарафҷон Солеҳов  ба нишон  расонид. Зимнан, ин пирӯзии ҳаштуми дастаи  «Истиқлол» ва бохти дуюми дастаи КМВА «Помир» дар мусобиқаи имсолаи Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба шумор меравад.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа  дастаи  футболи «Истиқлол», ки дар 11 бозӣ 26 имтиёз гирифтааст, дар ҷойи аввал мебошад. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо 24 хол дар ҷойи дуюм қарор дорад. Дастаи  КМВА «Помир»-и Душанбе  бо 17 имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир шудааст.


11.06.2018 Нет комментариев