73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Хоруғ: Ҳаёти солим интихоби мост!

Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар назди Бозори марказии шаҳри Хоруғ аксияи тарғиботию ташвиқотӣ таҳти унвони «Ҳаёти солим интихоби мо” баргузор гардид.  Аксияи мазкур дар заминаи мулоқоти  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  дар мулоқот  бо намояндагони ҷомеаи кишвар рузи 12 майи соли 2018  дар Кохи Борбад  зикр гардидаанд, баргузор гардид.

  Аз тарафи волонтёрон  ба сокинон ва меҳмонони Хоруғ маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ оиди пешгирӣ намудани нашъамандиву нашъаҷалобӣ, ВНМО-БПНМ ва дигар касалиҳои сироятӣ тақсим карда шуд.


11.06.2018 Нет комментариев