734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Баргузории мулоқоту вохӯриҳо дар 46 шаҳру ноҳияи мамлакат

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон дар пайгирии ташаббусҳо ва иқдомҳои наҷибонаи Пешвои маҳбуби кишвар тасмим гирифтааст, ки аз санаи 11 июн то 25 июни соли 2018 дар тамоми ҷамоату деҳоти шаҳру ноҳияҳои  кишвар аз руи принсипи “Маҳал ба маҳал” ва “Деҳа ба деҳа” корҳои фаҳмондадиҳиро вобаста ба расонидани муҳтавои мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12 майи соли 2018, вобаста ба пешгирии беморихои сироятӣ: ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД), мубориза бо ифротгароиву тундгароӣ ва даҳшатафканӣ, таҳдидҳои замони муосир инчунин тақлиду бегонапарастии наврасону ҷавонон ва сокинон баргузор намояд.

Бо ин мақсад субҳи 11 июни соли ҷорӣ гуруҳи васеи кормандон, ҷавонони фаъол ва волонтёрони Кумита иборат аз 40 нафар ба самти шаҳру ноҳияҳои вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятхои Суғду Хатлон, минтақаи Рашт ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  сафарбар гардиданд.

Бояд тазакуур дод, ки тибқи нақша ва барномаи таҳияшуда аз ҷониби гуруҳи корӣ дар 46 шаҳру ноҳияи мамлакат (дар алоҳидагӣ 7 номгӯи мулоқоту вохӯриҳо ва чорабиниҳо дар як рӯз) гузаронида мешавад.


11.06.2018 Нет комментариев