734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ҳифзи Ватан – рисолати мо ҷавонон

Бо мақсади ҳавасманд намудани сарбозон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии онҳо ва ҷиҳати шиносои пайдо намудан аз шароити зисту зиндагонии хизматчиёни ҳарбӣ бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ аёдати сарбозони қисми ҳарбии 14356 баргузор гардид.

Чорабиниро муовини командири қисми ҳарбии 14356 подполковник Одиназода З. ҳусни ифтитоҳ бахшида, вобаста ба ҳамкории судманд бо Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ёдовар шуд. Сипас, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Ф.Ҳоҷиев кулли ҳайати шахсии қисми ҳарбии 14356 –ро бо фарорасии ҷашни 21 солагии Ваҳдати миллӣ табрику таҳният намуда, дар бораи саҳми Қувваҳои Мусаллаҳ дар пойдории Ваҳдати миллӣ, ғамхориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати хизматчиёни ҳарбӣ суханронӣ намуда, сарбозонро ба содиқ будан ба савганди ҳарбӣ даъват намуд.

Дар охир барои ҳавасманд намудани сарбозон ва бо ин васила баланд бардоштани омодабошии ҷангии онҳо, ба 40 нафар сарбозони фаъол туҳфаҳои хотиравии Бахш аз қабили тӯб, пойафзоли варзишӣ, тахтаҳои шоҳмот ва шашка супорида шуд.

Сарбозон дар навбати худ миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои ҳамарӯза иброз намуда, ваъда доданд, ки ҳамчун сарбозон боинтизом, далер ва шуҷоъ хизмат мекунанд.


09.06.2018 Нет комментариев