73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Террори миллӣ ё воқеияти қатли Олимпур бо “силоҳи бародар”

Чанде пеш, дар Душанбе ҳамроҳ бо гурӯҳе аз хабарнигорон дар суҳбати таҳлилгари афғон Наҷиб Ҳамиди Накукор будем. Ӯ маълумоти аҷибе изҳор дошт. Тамоми солҳои нооромӣ дар Афғонистон дар муқоиса бо замони нооромиҳои Тоҷикистон шахсиятҳои миллии он кишвар ба маротиб камтар террор шудаанд. Тақрибан 7 соли нооромии Тоҷикистон он қадар зиёиёну фарҳангиён террор шуданд, ки бо дарназардошти тӯлонияти ҷанг дар Афғонистон хеле зиёданд.

“Сабаб ин буда, ки дирижёрҳои ҷанги 40-сола дар Афғонистон як ҳадаф доранд – истифодаи қаламрави ин кишвар ба ҳайси майдони набард ё майдони санҷиши қудрат. Дар ин ҳолат тару хушк месӯзад, на он тавре ки ба ғуломӣ табдил додани кулли мардум, қатли чеҳраҳои саршинос дар мадди аввал бошад. Воқеияти ҷанги Тоҷикистон дар он аст, ки ин ҷо фарҳангиёну равшанфикрон террор шуданд ва ҳадаф ба як тӯдаи бе равшанфикр табдил додани мардуми тоҷик буд, ки дар ин ҳолат идора кардану ба сӯйи ҷаҳлу истибдод ва зулму торикӣ равона сохтани одамон осонтар аст”,-андешаронӣ кард ин таҳлилгар.

“Ин ҳатто фаҷеътар аз таркиши бомбаҳост, ки дар ниҳоят метавонад боиси решакан шудани фарҳангу тамаддун ва таърихи миллат шавад”,-изҳор дошт ӯ.

Аз дидгоҳи аввал, агар ба воқеияти замони ҷанги Афғонистон назар андозем, дарк кардани мазмуни ин гуфтаҳо душвор нест: ҷангу паронидан аст, таркиш аст, одамон кушта мешаванд, хоҳ алоҳида бошад, хоҳ ба таври тӯдаӣ. Ҳар куҷое ҷанг аст, ин ҳолат ногузир аст.

Аммо агар воқеияти ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистонро ҷустуҷӯ кунем, ба мафҳумҳое дучор мешавем, ки сирф хосси ҳамин нооромиҳо дар ҷумҳуриамон буданд: террори миллӣ, ҷанги мазҳабӣ, шиакунонӣ, қатли саросарии олимон, хабарнигорон, афроди маъруф…

Мазмуни ниҳоӣ аз гуфтаҳои он таҳлилгарро дар ҳамин ҷо дарёфтам, ки “Дар Афғонистон мардуму миллатро мекушанд, то элитаи сиёсиро тобеи худ созанд, дар Тоҷикистон олимону чеҳраҳои саршиносро куштанд, то мардуму миллатро ғулому таъриху фарҳангашро маҳв созанд”.

Дар мисоли ҳаводиси Тоҷикистон ин андешаронӣ воқеият дорад. Дастандаркорони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хуб медонистанд, ки то замоне мардуми тоҷик Олимпуру Исҳоқиҳо, Осимиву Латифиҳо дорад, наметавон ин миллатро шикаст дод. Аммо нуқси асосӣ дар тасаввуроти ғалати эшон ин буд, ки вақте барои қатли Олимпур дастур доданд, ҳеҷ мунтазир набуданд, ки Олимпуре дигар, Исҳоқиву Осимиву Сайфу Латифиҳои дигар меоянд.

Чанд вақти охир мехоҳам дар бораи воқеияти қатли хабарнигороне, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо супоришҳои махсус кушта шудаанд, огоҳӣ пайдо кунам. То замоне ки гузориши ВКД Тоҷикистон оиди бо маблағгузории хориҷиён кушта шудани ин чеҳраҳои маъруфро надидам (августи соли 2017), хаёлан меандешидам, ки чаро маҳз олимону мутафаккирон, хабарнигорони шинохта ҳадафи тир қарор дода шуданд? Пушти ин ҳама кӣ меистод? Чаро маҳз зиёиёну донишмандон кушта шуданд?

Вақте дар гузориш гуфта шуд, ки инҳо бо сарпарастии хориҷу супориши роҳбарони наҳзат кушта шудаанд, ҳама чиз маълум гардид: барои мутеъву ғулом гардонидани мардум зарур нест, ки нисфашон сар бурида шаванд. Аз байн бурдани шахсиятҳои маъруф роҳро барои расидан ба ҳадаф ҳамвор мекунад. Чизе ки аз суҳбати он таҳлилгар шунидам.

Дарёфтам, ки ин олимону зиёиён, хабарнигорону дигар неруҳои пешбарандаи ҷомеа аз ҳамин хотир ҳадафи террор қарор гирифтанд. Инро қаблан дар суҳбати ҳамдеҳаҳои хабарнигори маъруфи терроршуда Муҳиддин Олимпур ҳам шунидам будам…

Мазмуни “силоҳи бародар”-ро дарк кардед?

Сафари мо ба Мастчоҳи куҳӣ ва шаберо дар деҳаи Шамтичи ноҳияи Айнӣ ба рӯз бурдан ба рӯзҳое рост омад, ки Тоҷикистонро хабари бо сарпарастии хадамоти махсуси яке аз кишварҳои “дӯст” кушта шудани чеҳраҳои маъруф, аз ҷумла Муҳиддин Олимпур, такон дод. Олимпур зодаи ҳамин деҳа асту мавриди ифтихору эҳтироми мардум.

“Дар асл, пештар ҳам мардум шунида буданд, ки размандагони таҳти роҳбарии Ҳизби наҳзати исломӣ аз кадом як кишвари ба ном “дӯст” супориши аз байн бурдани Олимпурро гирифтаанд. Ва барои ин аз сӯйи фармоишгар маблағ ҳам пардохт шудааст. Аммо он солҳо мардум ба хотири ин ки имкон дорад ин гуфтугуҳо ба муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо он кишвари “дӯст” халал расонад, дар ин маврид хомӯширо авлотар медонистанд.

Аммо бо гузашти солҳо расман хабар дода шуд, ки маҳз кишвари ба ном дӯсти мо – Эрон барои қатли маъруфтарин ҳамдеҳаамон супориш додаву сарпарастӣ кардааст, ҳама дар ҳолати шок афтоданд. То ҳанӯз одамон мехоҳанд ба ин хабар бовар накунанд, аммо имкон надорад, зеро шоҳидони ҳодиса, таҳқиқоти муфаттишон ва ҳуҷҷатҳои воқеӣ тасдиқ кардаанд, ки воқеият ҳамин аст.

Ба ҳар сурат, ин воқеияти ҷанги Тоҷикистон буд, ки бародар ба сари бародар силоҳ бардошт. Мо фикр доштем, ки кишвари ҳамзабон бародари мост, акнун ба мазмуни “силоҳи бародар” сарфаҳм рафтем”, – мегӯяд Сафармуҳаммад, хабарнигори тоҷики муқими Маскав, ки он шабу рӯз рухсатияшро дар деҳа мегузаронид.

Чун дар маҳфилу нишастҳои замони донишҷӯӣ гап сари Муҳиддин Олимпур ва террори ӯ мерафт, ҳатман дар ҷое ишора мекарданд, ки “кишвари дӯсту бародар корашро кард”. Дар донишгоҳ устодони бегонагаро кам набуданд (ва фикр мекунам, ҳанӯз ҳам ҳастанд), ҳолатҳое буд, ки ин ё он ҳамкурсамон зимни дарсҳо бо чунин устодон хархаша мекарданд. Сабабашро акнун дарк кардам…

Нақли як хабарнигори украинӣ, ки баъди қатли Олимпур ба ҷустуҷӯи мадфани ӯ омадааст, маҳз боиси он шудааст, ки ин се нафар то андозае ҳақиқати террори ҳамдеҳаи маъруфашонро донанд. Ва ҳамон сол қавл медиҳанд, ки журналист шудаву кори Олимпурро идома медиҳанд.

Охирҳои тобистони соли 2017…

Мо, ки қаблан ҳам борҳо Шамтич рафта, дар маъракаҳояшон иштирок кардаем, барояшон ба қавле “худӣ” будем. Бинобар ин, суҳбат дар дилхоҳ мавзуъ ба осонӣ метасфид.

Чун суҳбат дубора сари мавзӯи қатли Олимпур ва сарпарастии хориҷиён дар террори ӯ рафт, марде, ки он ҷо ҳузур дошту баъзан ба суҳбат ҳамроҳ мешуд, аз як хабарнигори украинӣ ном гирифт, ки ба ҷустуҷӯи хонаводаи Олимпур омадааст. Ин мард Ҳоҷӣ Амон буд. Айнан ҳамоне ки тобистони соли 2006 ба маъракае ба Шамтич рафтему барои он ки ҳамчун “меҳмон аз Душанбе” шабро дар манзили ӯ гузаронем, то соати 2-и шаб мунтазирамон истода буд. Аз он шабу аз он сафар хотироти аҷибе мавҷуданд, ки марбут ба мавзӯи ин матлаб нестанд, аммо, ана ҳамин Ҳоҷӣ-Амон ҳодисаеро нақл кард, ки фикр мекунам, онро муфассал ин ҷо ҷой додан ҷоиз аст:

– Солҳои 2000 ё 2001 буд. Як журналист бо номи Володя Михайлов (шояд дигархелтар бошад) аз Украина омада, қариб даҳ рӯз дар ҳамин ҷо монд. Ӯ ё ҳамкурс ё дӯсти наздики Муҳиддин будааст. Чун анъанаи неки гузаштагон ӯро меҳмондорӣ кардем, ба маъракаҳо даъват мекардем, сайру саёҳат бурдем, то нигоҳаш, фикру андешааш дар мавриди ҳамдеҳаҳои Муҳиддин Олимпур тағйир наёбад. Аммо баръакс, ӯ аз аввали омаданаш бо як меҳру муҳаббат суҳбат мекард, вақте ба касе муроҷиат мекард, эҳтиромро ба ҷо меовард. Ростӣ, барои мардуми деҳот як андоза шубҳаовар буд, ки чаро вай ин қадар худро одами наздик мегирад. Яке аз рӯзҳо, вақте хӯроки нисфирӯзӣ ба анҷом расиду бояд суҳбатро шуруъ мекардем. Гӯё ӯ ин ҳолатро пай бурда бошад, ки худ ба худ ба сухан даромад: “Чаро шумо нисбат ба ман, ки номи Муҳиддинро гирифта ин ҷо омадам, ин қадар бо эҳтирому муҳаббат муносибат мекунед? Шояд бароятон хешу табор ё ҳамдеҳа аст, барои ҳамин? Аммо шумо бояд инро ҳам донед, ки вай қурбони дасиса ё иғво нашудааст, ӯро дидаву дониста куштанд. Ҳизбиён (он вақт наҳзатиҳоро ҳамин хел мегуфтанд) ба ду пули пучак ӯро куштанд. Вақте Муҳиддинро куштанд, ман дар Афғонистон будам. Медидам, ки муҳоҷирони тоҷик барояш чӣ хел мегиристанду силоҳбадастон онҳоро таҳдиди паронидан мекарданд. Кӣ буданд он силоҳбадастон, ки дар ғурбат болои ҳаммеҳанони худ силоҳ мебардоштанд? Саркардаҳои ҷанг кист, медонед? Фармоишгари қатли зиёиҳоятон кист, медонед? Вақти дар Афғонистон будан, ки қариб то сарҳади Тоҷикистон омада будам, дарк кардам, ки ин ҷанг ҳадафҳои мушаххас дорад. Ёдатон бошад, Тоҷикистон ягона давлати форсизабони собиқ шӯравӣ буд. Баробари соҳибистиқлол шудан аввалин коре, ки бародари ҳамзабону ҳамфарҳангамон анҷом додан мехост, зери таъсири “акнун соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон” шуморо зери султаи худ дароварданӣ буд. Аз нигоҳи замонӣ дуруст ҳадаф гирифта шуда буд, аммо аз нигоҳи ақлониву тактикӣ бадтарин сенария буд. Ҳамин олимону зиёиёне, ки баъдтар кушта шуданд, монеаи ҳадафи берун буданд. Ба ҳамин хотир, онҳоро як-як аз миён бардоштанд. Яъне, онҳо барои ба кишвари манфиатдор “пайвастан”-и Тоҷикистон мушкил пеш оварданд, исбот карданд, ки миллати шумо як миллати алоҳида асту давлати алоҳида дорад. Нерӯҳои мухолифин бошанд, комилан дар итоати Теҳрон қарор доштанд… Аммо ба Муҳиддин ҷабр шуд, барои он ки ӯ на ба сиёсат кор дошту на сиёсатмадор буд, аммо чун равшанфикр буд, барои ақлҳои тира нодаркор буд…”

Аз ин суҳбати мо бо сокинони Шамтич як солу аз сафари журналисти украинӣ ба он деҳа 16-17 сол гузашт. Аҷиб ин ки идеяи исломӣ оид ба ҷисман нобудсозии олимону зиёиёни тоҷикро ҳамон вақтҳо дар ҳазорҳо километр он тараф медонистаанд, ҳушдорамон медодаанд, мо бошем, бо умеди ин ки ҳама гумонҳо нодурустанду “бародарони ҳамдину ҳамфарҳанг” нақшаҳои вайрон надоранд, ба онҳо ва дар симои онҳо бо қотилони миллат – наҳзатиҳо оғӯш кушодем.

Аммо қатли Олимпуру мисли ӯ даҳҳо равшанфикри тоҷик натавонист идеяи шиасозии тоҷиконро амалӣ созад. Нақшаҳо вайрон шуданд, сирҳо фош гардиданд, думҳоро зери пордум кардаву фирор карданд.

Довуд ИСМАТӢ


05.06.2018 Нет комментариев