734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Дидори модари чоргоник аз ҷониби масъулони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш

Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ва бо шарофати сулҳу суботи комили кишвар барои зиндагии шоиставу арзандаи мардум шароиту имконоти мусоид фароҳам оварда шуданд.

27-уми майи соли 2018 дар таваллудхонаи рақами 1-и шаҳри Душанбе ҷавондухтари тоҷик Зарина Неъматова чоргоник ба дунё овард. Аз 4 тифли таваллудшуда 3 нафар духтар – Ҳумайра, Ҳуррия, Ҳуснизар ва як нафар писар Ҳумоюн мебошад.

Муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода ва волонтёрдухтарони назди Клуби волонтёрони назди Кумита ба дидори модари ҷавони хушбахт рафта, аз номи роҳбарияти Кумита ва кулли ҷавонони кишвар ӯро табрик карданд ва маҳсулотҳои ниёзи аввалия барои кӯдакон ва дастагулу туҳфаи хотирмон ба модар ҳадя намуданд. Масъулини Кумита аз сиёсати оқилонаи Пешвои миллат дар роҳи фароҳам овардани шароити арзанда дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, махсусан қишри ҷавон, ёдрас гардиданд.

Зимнан оилаи ҷавон аз солим таваллуд шудани ҳар чор тифл изҳори хушнудӣ намуда, барои муҳайё сохтани шароити созгор ба Ҳукумати кишвар миннатдорӣ баён карданд.

Зарина Неъматова сокини 22-солаи шаҳри Бохтар буда, айни замон донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад.

 


01.06.2018 Нет комментариев