734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Кӯлоб: Ҳунарҳои мардумӣ рукни муҳимтарини фарҳангӣ миллӣ

     Имрӯз бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рудакӣ дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон конфронси илмӣ -назарявӣ дар мавзӯи “Ҳунарҳои мардумӣ рукни муҳимтарини фарҳангӣ миллӣ” дар доираи эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” баргузор гардид.

     Дар кори конфронс занону бонувони фаъоли шаҳри Кӯлоб, намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва ҷавонони касбу кори гуногун, гирандагони стипендияи Президентӣ иштирок намуданд.

    Зикр гардид, ки маҳз бо ташаббусу иқдомҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем аз арзишҳои миллӣ, муқаддасоти давлатдорӣ ва арзишҳои неки ниёгонамон ҳифз карда бошем. Сиёсати оқилонаи Роҳбари давлат барои мо насли ҷавон имкон фароҳам овард, ки аз ҳунарҳои мардумии миллати бузурги халқи хеш ифтихор намоем ва онро рушд диҳему бо арзишҳои бузурги фарҳангии миллати тоҷик ифтихор намоем.


25.05.2018 Нет комментариев