734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ҲНИТ-ҳизбе баҳри манфиатҳои Эрон

Агар ба таърих назар кунем, маълум мегардад, ки дар дунё кам давлатҳое ҳастанд, ки ба монанди Тоҷикистону Эрон таърих якранг ва фарҳанги наздик дошта бошад. Ин ду давлат дар тули таърих қариб дар ҳама ҷангу ҷидолҳо бо ҳам ва дар канори ҳам буданд. Аз ҷумла дар лашкаркашиҳои Искандар, тохту този арабҳои бодиягард, ҳуҷуми муғулу туркҳои дар ба дар, тоҷикону эрониён даст аз дасти ҳам накушоданд. Ин ду кишвар ба сурат ду бародаре буданд, ки дар ҳама мушкилиҳои сиёсию иҷтимоӣ китф дар китфи ҳам мегузоштанд ва дар умум дар тамоми ҳодисаҳо, дифоъ аз фарҳанг, забон ва миллат худ мекарданд. Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти комил, муносибатҳои дӯстиро бо Эрон боз ҳам зичтар намуд. Аз ин кишвар дар ҳама вазъу ҳолат ҳамчун  як дӯсти бо эътимод ёд мекард. Тоҷикон эрониёнро ба унвони як миллати аз лиҳози таърих, забон, фарҳанг, дин ба худ бародар қабул карда буданд. Дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамкориҳои иқтисодӣ Эрон дар Тоҷикстон корҳои назаррас ба анҷом расонидааст. Сохтани “Нақби Истиқлол” ва “Сангтӯда-2” намунае аз барҷастатарини онҳост. Аммо дар соли 2015 бо аҷоми баъзе амалҳо ва маълум шудани чанд санад аз ҷониби Эрон дӯстии ин кишварро ба Тоҷикистон зери усол бурд.

Баҳори соли 1992 баҳамрезии мардум дар майдонҳои “Озодӣ” ва “Шаҳидон”-и Душанбе Тоҷикистонро ба домани ҷанги шаҳрвандӣ  кашид, ки тули 5 сол идома ёфт. Дар он ҳудуди 150 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода, 85 ҳазор кӯдак дар ба дару бе соҳиб монданд. Ин ҳодисаи мудҳиш то ҳол аз ёдӣ мардум нарафта, рӯзҳои даҳшатбори онро ҳар лаҳза пеши рӯ меоранд. Ахиран маълум гардид, ки яке аз заминагузорони ин ҷанги таҳмилӣ маҳз Эрон будааст. CIA – Идораи марказии ҷосусии Амрикост, ки ҳамасола миллионҳо санадҳои махфиро доир ба кишварҳои мухталиф фош месозад. Рӯзи 18 январ соли 2017 12 миллион саҳифа аз бойгонии ин марказ нашр шуд, ки беш аз 200 санади нашркардаи  он дар бораи Тоҷикистон аст. Бештари онҳо доир ба вазъи ҷанги хунини шаҳрвандӣ дар солҳои 90-ум ҳикоят мекунанд. Дар яке аз санадҳо аз 2 январи соли 1992 бо номи “Муқовимати мухолифин, нуфузи Эрон дар Тоҷикистон” гуфта мешавад, ки ҳудуди 7000 нафар дар Душанбе бо талаби қонуни нави интихобот ва хусусӣ гардондани замину корхонаҳо тазоҳурот кардаанд. Дар ин санад аз номи муовини вазири хориҷии Эрон гуфта шудааст, ки “Эрон мехоҳад байни Теҳрону Душанбе иртиботи ҳавоӣ ва роҳи оҳанро бунёд карда, байни корхонаҳои нафту саноати сабуки ду кишвар ҳамкориҳоро ба роҳ монад ва барои гузариши Тоҷикистон аз ҳуруфи кирилӣ ба ҳуруфи форсӣ китобҳо чоп кунад”. Ҳамчунин, ба ақидаи муаллиф, “шонси бузугтарини Эрон барои пайдо кардани ҷои по дар Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон аст ва ин шонс дар сурати ба алифбои форсӣ гузаштани тоҷикҳо, ки бо забони ғайритуркиашон аз дигар кишварҳои мусулмонии минтақа ҷудо мондаанд, боз ҳам бештар мешавад. Дар айни замон, тоҷикони суннӣ аз бунёдгароии Эрони шиа эҳтиёт мекунанд”. Дар он давра Эрон барои ба ин ҳадафҳо расидан, ягона роҳ пуштибонӣ аз Ҳизби террористии фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро дид. Ба воситаи он Эрон барои таҳкими нуфӯзи худ ба таблиғи исломи сиёсӣ ва равияи ташаюъ пардохт, ки он таъсири манфии худро ахиран дар Тоҷикистон гузошт. Аз суханони Сайидрасули Мӯсавӣ, собиқ сафири Эрон дар Тоҷикистон, ки дар хабаргузории “Форс” чанде қабл гуфтааст: “…замоне, ки опозитсия ба мизон қудрат дошт, Эрон ононро ба роҳи ҳали сиёсӣ даъват кард ва ба сулҳ ва барқарории субот ташвиқ намуд”, ба пурагӣ хатост. Зеро замоне, ки ҷанги шаҳрвандӣ аланга зад, роҳбарони собиқи ин ҳизби мамнӯъ, аз соли 1992 то соли 1997 дар Эрон панаҳ бурданд. Аз он ки Эрон роҳбарон ва аъзоёни ҳизби тундрави наҳзатро минбаъд барои ҳадафҳои худ чун миёнарав истифода менамуд, дар он шароит аз онҳо ҳимоят намуд. ҲНИТ ҳамчун як ҳизби дар доираи фармони дигарон амалмекардагӣ, дар ҳама сухани фармондеҳони эронии худ мутеъ буд. Ба гуфтаи Абдусалом Абдуллозода, корманди Кумитаи дин ва танзими расму анъанаҳои кишвар: “ин ҳизб дар фаъолияти хеш ҳеҷ гуна идеологияи дурнамо, мавқеи муайяне дар масъалаҳои миллӣ, илмию фарҳангӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ғайра надошт. Оддитарин масъалаҳо аз қабили конфронсҳои илмӣ, шабҳои фарҳангӣ-эҷодӣ, вохӯриҳо бо чеҳраҳои илмию адабӣ ва фарҳангию сиёсии кишвар дар сатҳи бояду шояд намегузаштанд”.

Баъд аз истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ муноисибат миёни Тоҷикистону Эрон ба дараҷаи аъло буд ва ҳамкориҳо дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда буданд. Аммо табадулоти нокоми сентябри соли 2015, ки  бо дастгирии раёсати ҲНИТ аз тарафи собиқ ҷониши вазири дифоъ Назарзода Абдуҳалим ба вуқуъ пайваст, дубора нишон дод, ки нақшаҳои таҳрезишудаи Эрон дар солҳои даҳаи охири асри XX ҳоло ҳам давом доранд. То ин замон Тоҷикистон тамоми муноисбатҳои Эронро ба таври шаффоф қабул дошт. Вале пуштибонӣ аз роҳбарони ҲНИТ нишон дод, ки Эрон бо Тоҷикистон сиёсати духӯра ва ё стандарти дугонаи ҷаҳониро пеш гирифта аст. Дар ҳоле, ба ҳама маъулм аст, ки ин самт робитаю муносибатҳои кишварҳоро барҳам зада, ормию суботи давлатҳоро дар хатар меандозад. Муносибати Эрон вобаста ба амалҳои зикршуда, аз қабили таъсиргузорӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ, сармоягузорӣ ва ба ин васила ташаккулдиҳии ҲНИТ ҳамчун як қуввае, ки тавассути он мехост инқилоби исломиро дар Тоҷикистон барпо кунад, сиёсати тавсеаталби Эронро ба мо шиносонид. Ба зами ин, Конфронсе, ки ҳамасола дар моҳи мавлуди паёмбар Муҳаммад (с) аз сӯи Эрон, бо иштироки намояндагон аз кишварҳои мусулмонию ғайримусулмонӣ баргузор мегардад, Эрон амалҳои муғризонаи худро боз собит намуд. Дар 29-умин Конфронси байналмилатии “Ваҳдати исломӣ”, рӯзҳои 27-29 декарби соли 2015, ки дар шаҳри Теҳрони Эрон баргузор карда шуд, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати расмӣ Сулаймон Давлатзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Файзулло Баротзода, раҳбари Маркази исломшиносии назди президент ва Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон  иштирок намуданд. Масъали асосие, ки бевосита ба сиёсати дохилии кишвари мо рабт дошт, ин ҳузури Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби фаъолияташ мамнӯъ ва аз ҳамон давра дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарордошта, дар рафти ин ҳамоиш буд.

Тоҷикистон ҳамчун як давлати демократи дар тули 25 соли соҳибистиқлоии худ сиёсати хориҷии дарҳои кушода ва сулҳхоҳонаро ба тамоми кишварҳо дар асоси манфиатҳои дуҷониба ба роҳ мондааст. Дар ин миён мавқеи Ҷумҳурии исломии Эрон, ба унвони як кишвари ба мо ҳамфарҳангу ҳамтаъриху ҳамзабон ҷойгоҳи махсус дошт. Аммо ҷонби Эрон ба ин ҳама нигоҳ накарда, бо даъвати Муҳиддин Кабирӣ, он ҳам бошад, дар сатҳи баланд қабул кардани ӯ, собит намуд, ки ҳеҷ эҳтиром нисбати сиёсати дохилии Тоҷикистон надорад. Муҳиддин Кабирӣ дар ҳоле ба Эрон даъват шуда буд, ки масъулони ин Конфронси байналмилалӣ намояндагони расмии Тоҷикистонро огоҳ накарда буданд. Маҳз ин амалҳои суолбарангези ҷониби Эрон моро водор месозад, ки фаҳмида бароем, ки оё воқеан Эрон хоҳони дӯстӣ ва эҳтиром қоил будан ба манфиатҳои дутарафа мебошад ва ё не?

Ҷониби Эрон бояд дарк кунад, ки густариши дӯстӣ ва ба роҳ мондани муносибати хуб байни ин ду кишвар замоне амалӣ мегардад, ки манфиатҳои якдигарро эҳтиром кунанду дар корҳои дохилии ҳам, барои расидан ба ҳадафҳои сиёсию мазҳабӣ, дахолат накунанд. Зеро яке аз сабабҳое, ки монеи рушду пешрафт ва сулҳи кишварҳои мусалмонӣ шудааст, ин вуҷуд доштани ихтилофоти сиёсӣ ва мазҳабист.

Аз ҳамин нуқтаи назар мебояд, ки барои раҳо шудан аз ин раванди хатарзо ва бадкунандаи муносибатҳо, бояд пеш аз ҳама ҳадафҳои манфиатҷӯёна ва сиёсати духӯраро аз миён бардорем.

 

 

 

 

 


21.05.2018 Нет комментариев