73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Таъиноти кадрӣ дар мақомоти Прокуратура ва Палатаи ҳисоб

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрҳоеро, ки дар мақомоти Прокуратура ва Палатаи ҳисоб ба вазифаҳои масъулу сатҳи роҳбарӣ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Прокуророни шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Темурмалик, Вахш, Шамсиддини Шоҳин ва муовини прокурори вилояти Хатлон, прокуророни ноҳияҳои Шуғнон, Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва прокурори ноҳияи Рашт аз ҳисоби мутахассисони ҷавону ботаҷриба таъин карда шуданд. Дар дастгоҳи марказии Палатаи ҳисоб – сараудиторон ва дар дигар вазифаҳои сатҳи роҳбарии ин мақомот низ тағироти кадрӣ сурат гирифт.

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ба вазифаи Сараудитор таъин намудани Салимзода Собир ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломзода Муҳаммад муовини Раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик” таъин гардид.

Пешвои миллат зимни сӯҳбат бо кадрҳое, ки аксарият ҷавону корозмудаанд, таъкид намуданд, ки пайваста омӯзанд, донишу маҳорати касбӣ ва малакаи роҳбарии худро сайқал диҳанд, ба иҷрои вазифа ва масъулияти ба зиммадоштаашон бо ҳисси баланди масъулият ва поквиҷдонона муносибат намоянд, сазовори эҳтироми мардум гардида, ба давлату миллат хизмати содиқона намоянд.


12.05.2018 Нет комментариев