73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Аввалин Фестивали бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол дар Тоҷикистон  

32147500_2033092400272484_3104750752115982336_nБо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати варзишпарварони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади оммавият варзиш, ҷалби ҷавонону наврасон ва сокинони кишвар ба тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол санаи 12 майи соли 2018 дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар Фестивали бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол баргузор мегардад.

Фестивали мазкур дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар бо доираи васеи варзишгарон, бозиҳои дӯстона ва машқу тамринҳо дар боғҳои марказӣ ва майдончаҳои варзишӣ баргузор мегардад.

Маросими кушодашавии фестивали мазкур дар шаҳри Душанбе дар майлончаҳои назди варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, соати 8:00 оғоз мегардад.


10.05.2018 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.