73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ҷавонон: Шумо ифтихори моед!

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуруҳи бегоҳии 9 майи соли 2018 гурӯҳи волонтёрони фаъол ба кӯчаву хиёбонҳо, боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе баромада, бо мақсади ёдоварӣ аз корнамоиҳои фарзандони баруманди халқи тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва табрику шодбошии сокинони шаҳр аксияи иттилоотӣ тарғиботиро таҳти унвони “Шумо ифтихори моед!”бахшида ба таҷлили 73 – умин солгарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор намуданд.

Гурӯҳи волонтёрон дар даст рамзи пирӯзию саодатмандӣ ҳар як сокини кишварро ба Рӯзи Ғалаба табрик намуда, сипас аз корномаҳои далерони Ватан ибрози назар намуда, дар сари синаи ҳар як шаҳрванд рамзи мазкурро мечаспонданд.

Дар аксияи мазкур зиёда аз 30 нафар волонтёр иштирок намуда, бори дигар аз хизматҳои фарзона фарзандони миллат ба наврасону ҷавонон ва умуман сокинони пойтахт ёдоварӣ намуданд.32169469_208209509985975_8452550420835860480_n 32169955_143692836486420_454793515742789632_n


10.05.2018 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.