734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Сарчашмаи хушбахтӣ аз солимист

Бемории сил. Дар бораи ин беморӣ то замони пайдоиши шакли дурусти табобаташ миёни аҳолӣ бештар ақидаҳои манфӣ ҷой дошт ва яке аз ақидаҳо ин буд, ки табобати комили бемории мазкур ғайриимкон аст. Аммо бо ба миён омадани дастгоҳ ва роҳҳои навтарини табобатии тиббӣ, ки онро мутахассисони кордидаву таҷрибадори соҳаи тиб кашф карданд, табобати комили бемории сил мумкин гашта, андешаҳои ваҳмнокро нисбати ин беморӣ аз вуҷуди сокинони сайёра берун сохт.

Сил бемории сирояткунанда буда, барангезандаи он микробҳо мебошад. Дар аксари ҳолатҳо шушҳо осеб дида, баъдан дигар узвҳо ба беморӣ гирифтор мешаванд. Ҳангоми осеб дидани шуш аз бемор ҳангоми сулфа балғам хориҷ гардида, нафаскашӣ душвор мегардад. Дар замони ҳозира бемории сил амалан табобатшаванда аст. Валекин бе табобат метавонад боиси фавт гардад.

Бемории сил дар сурати табобати дуруст ва риояи реҷаи муайян метавонад, дар давоми 6-8 моҳ шифо ёбад.

Ба бемории сил ҳар кас сироят ёфта метавонад. Бемории сил аз шахси гирифтори бемории сили шуш, ки табобат наменамояд, ба воситаи сулфа, атсазанӣ ва гапзанӣ бактерияҳои силро ба ҳаво хориҷ мекунанд, мегузарад. Бемории сил авлодӣ нест ва ба воситаи зарфҳо ва ашёи рӯзгор низ нахоҳад гузашт.

Ба таъкиди мутахассисони соҳаи тиб, шахсони сироятёфта манбаи сироят ҳисоб намешаванд, яъне сироятёфтагӣ ин беморӣ нест. Тахминан 90%-и шахсони ба сил сироятёфта, дар давоми ҳаёти худ ҳеҷ гоҳ ба бемории сил гирифтор намешаванд, танҳо 5-10%-и боқимонда дар давоми ҳаёт метавонад, ки бемории сил инкишоф ёбаду бемори сил шаванд. Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз се як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон дорои бемории сили ниҳонӣ мебошанд.

Нишонаҳои аслии бемории сил сулфаи давомнокиаш 2 ҳафта ва зиёда аз ин ва аксар вақт бо хориҷ кардани балғам, бемадорӣ ва мондашавӣ, камшавии иштиҳо ва вазни бадан, баландшавии ҳарорати бадан, арақкунии шабона ва дарди қафаси сина мебошад.

Бемории сил ин гузаранда ва сироятӣ мебошад. Ба таъкиди мутахассисон он яке аз бемориҳое дар ҷаҳон муаррифӣ мешавад, ки муаммо дорад. Ба ин беморӣ бисёртар одамони шароити зисташон паст, муҳоҷирони меҳнатӣ, иммунитеташон паст гирифтор мешаванд. Табобати ин гуна беморон каме мушкил аст. Барои он ки табобати инҳо дуру дароз аст, барои қабули доруворӣ ба беморон каме мушкилӣ дорад. Беморон бояд доруро дар вақташ бетанаффус истеъмол намоянд. Ба беморон ғайр аз оне ки ёрии тиббӣ расонида мешавад, барои баланд бардоштани руҳияи бемор ба ҳаёт рафтори нек лозим аст. Табиб бояд бо ин гуна беморон ширинсухан, хушрафтор, бо чеҳраи хандон муомилаи нек намояд. Суст гаштани қувваи муҳофизатии бадан (масуният), ки бо сабабҳои зерин ба вуҷуд меояд, ба инкишофи бемории сил мусоидат мекунанд: сирояти ВНМО, диабети қанд, захми меъда, хӯроки камғизо, истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, маводҳои нашъадор ва вазъиятҳои асабонӣ.

Бино ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ бемории сил яке аз даҳ сабаби фавт дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумоти омории ин созмони сатҳи ҷаҳонӣ соли 2016 дар саросари олам 10, 4 миллион нафар ба бемории мазкур гирифтор шуда, 1,7 миллион нафар аз ин беморӣ фавтидаанд. Мутахассисон сабаби фавтидагонро нагирифтани табобати дурусти бемории мазкур маънидод менамоянд. Зеро агар шахси гирифтори бемории сил табобати дурустро гирад, ҳатман сиҳат мегардад. Чунки имрӯз тамоми шароиту имконот ҷиҳати табобати комили бемории мазкур муҳайё мебошад.

Дар ҷумҳурии мо низ имрӯз гирифторони бемории сил ба чашм мерасанд. Гарчанде дар ибтидо шумораи беморони сил дар кишвар зиёд буд, хушбахтона бо андешидани чораҳои зарурӣ нишондиҳандаи бемориву фавт аз сил кам гардидааст.

Ба таъкиди Раҷабзода Аслиддин, директори Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сили назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “тибқи ҳисоботи оморӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ айни ҳол беморшавӣ аз бемории сил 60,2 нафар ба 100 ҳазор аҳолӣ рост меояд ва фавт аз ин беморӣ 3,5 нафар ба 100 ҳазор аҳолӣ. Ин нишондод дар даҳ соли пеш беморшавӣ аз сил 85 ба 100 ҳазор аҳолӣ рост меомад ва фавт 7,5 буд. Бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз се барнома амалӣ гардид ва айни ҳол мо аз рӯйи Нақшаи миллии стратегӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020 фаъолият карда истодаем, ки дар татбиқи ин се барнома яке дастовардҳои беҳтарин ҳамин аст, ки нишондоди беморшавӣ 25 нишондод ва фавт аз ин беморӣ 50% коҳиш ёфтааст”.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки бемории сил дар тамоми кишварҳои дунё мавриди таваҷҷуҳи ҳукумати кишварҳо қарор дошта, ҷиҳати пешгирӣ ва табобати он тадбирҳои гуногун андешида мешаванд. Аз ҷумла, дар кишвари мо низ корҳои гуногун дар ин самт амалӣ гардида, марказҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил таъсис ёфтаанд.

“Яке аз роҳҳои паст намудани шумораи беморони сил баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ мебошад. Чунки агар аҳолӣ аз бемории сил огаҳӣ надошта бошад, сари вақт ба духтур муроҷиат намекунад. Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, инчунин шарикони рушд ҳамасола дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ, омӯзишҳои семинарӣ гузаронида шуда, инчунин маводҳои иттилоотӣ чоп мешаванд, ки ба кулли аҳолии кишвар тақсим мегарданд”, – иброз дошт Раҷабзода Аслиддин, директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сили назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.

Имрӯз барои саривақт муайян намудани бемории сил дастгоҳи муосири генетикии Gene Xpert (Ҷен эксперт) ихтироъ гардидааст. Ин асбоб барои ташхиси саривақтии беморон хизмат расонида, дар баробари ин ба кадом намуди сил гирифтор будани беморро дар кӯтоҳтарин замон муайян месозад.

Тибқи маълумотҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 30 кишвари дорои сатҳи баланди шакли мутобиқгаштаи бемории сил ва 18 кишвари муҳими минтақаи аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) оид ба мубориза бар зидди бемории сил қарор дошта, содиқона татбиқи роҳҳои ба бемор равонагардидаи ташхиси бемории сил, табобат ва пешгирии онро ба анҷом мерасонад.

Зиндагӣ худ роҳест мушкил ва душворгузар. Дар шебу фарози он бояд сабуру матин бошем. Зеро ҳар мушкили он роҳҳои бартараф намудани худро дошта, ҳар дарди он низ давое дорад. Аз ҷумла, бемории сил низ, ки имрӯз табобати комили он имконпазир аст. Пас, бояд дар роҳи солимии хеш ҳамеша устувор бошем. Зеро сарчашмаи хушбахтӣ аз солимист.


24.04.2018 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.