734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Кабирӣ: Бо кӯмаки пуштибонон мо аз Тоҷикистон Сурия месозем

Роҳбари фирории ҳизби мамнуъ ва террористии ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ вақтҳои охир зимни баромадҳояш дар чандин конфронсу семинарҳо худу ҳамроҳонашро бегуноҳу маъсум меҳисобад.

Имрӯз Кабирӣ ва ҳамроҳонаш бешармона бо истифода аз ҳар фурсате ва ҳар минбаре худнамоӣ мекунанд ва чеҳраи манфури худро мехоҳанд бо бадномсозиву дуруғпароканӣ бишуянд. Вале дар ҳақиқат онҳо яке аз қисматҳои механизми байналхалқии тахрибгар ва ба кишвари мо душман мебошанд. Наҳзатиҳо паҳнкунандаи ақида ва идеологияи бегонаи ифротианд бо туҳмату буҳтон даст ба бадномсозии миллату ватани худ мезананд. Дар ҳоле, ки таърихчаи начандон тӯлонии фаъолияти ТЭТ ҲНИТ шаҳодат аз ваҳшонияту мардумкушии онҳо медиҳад. Наҳзатиҳо дар ибтидои истиқлолияти Тоҷикистон оташи ҷанги бародуркуширо дар кишварамон барангехта, сабабгори кушта шудани 150 ҳазор шаҳрвандон шуданд. Мардумкушии онҳо дар назари баъзе гурӯҳҳои ифротию террористии дигар имрӯз шояд афсона намояд, зеро наҳзатиҳо дар он замон ба таври махсусан золимона ва ваҳшоният амал мекарданд. Масалан, онҳо аз зинда ба зинда пуст кардани одам, ба равғани доғ андохтани инсони зинда, овехтан, дастбуриву побурӣ ва гушбурӣ худдорӣ намекарданд. Наҳзатиҳо дигарандешонро ба куфру илҳод муттаҳам намуда, онҳоро бо ҳар роҳ бадному шармсор мекарданд, то озодандешиву ислоҳот ва ихтироъкории инсониро аз фарҳанги миллии кишварамон несту нобуд созанд.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ роҳбарияти ТЭТ ҲНИТ гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷангӣ созмон дода, онҳоро ба муқобили ҳамватанони худ сафарбар сохт. Дар натиҷаи амалҳои хунхоронаи онҳо тақдири одамони зиёд шикаст, ҳазорон нафар бехонумон ва ҳазорон нафар қурбон гардиданд.

Мутаассифона, баъди истиқрори сулҳу оромӣ ҳам ТЭТ ҲНИТ аз фаъолиятҳои тахрибкорона ва мақсади ғасби ҳокимият дар Тоҷикистон, аз ҷумла паҳн сохтани идеологияи бегона, барангехтани ихтилофи мазҳабӣ, содир намудани ҷиноятҳои вазнин даст накашид. Дар сентябри соли 2015 бо дастур ва маблағгузории бевоситаи молиявии роҳбари ТЭТ ҲНИТ Назарзода кӯшиши табаддулоти мусаллаҳона намуд. Бешубҳа, бо ин роҳ Кабирӣ мехост ҳукуматро бо зурӣ ба даст орад ва низоми давлатдории асримиёнагиро ҷорӣ намояд.

Хушбахтона мардуми огоҳи Тоҷикистон дар маҳв сохтани дастаи хунхори Назарзода ба кӯмаки сохторҳои дахлдори кишвар бархостанд ва тири наҳзатиҳо бори дигар хок хурд.

Имрӯз террористони наҳзатӣ аз тариқи баъзе расонаҳои хабарӣ кӯшиш доранд, ки мағзҳои ҷавононро заҳрогин сохта, бори дигар бо пуштибонии хоҷагони хориҷии худ бар сари миллати мо мушкилию даҳшат оранд. Онҳо мехоҳанд кишварро бори дигар ба Сурияву Ироқ ва Афғонистон табдил диҳанд. Силоҳи асосии ин гурӯҳи ифротию террористӣ дурӯғпароканиву бадном сохтани ҳаммилатони худ мебошад. Дар баъзе сомонаҳои фурӯхташуда ва ифротии наздик ба наҳзатиҳо тамоми хабарҳо бо таҳрифи воқеият ва бадномсозии миллату ватан дарҷ шуда, тухми нифоқу зиддиятро дар байни ҷомеа паҳн месозанд.

Дар давоми чандин соли фаъолияти худ наҳзатиҳо садҳо одамонро ба доми фиребашон кашиданду онҳоро ба содир намудани ҷиноятҳо водор сохтанд, ки сабаби дар маҳбасҳо қарор гирифтанашон гардид ва оилаву фарзандонашон бе саробону бе нафақаву ноумед мондаанд. Роҳбарони ТЭТ ҲНИТ ҷавонони зиёдеро бо ақидаҳои дурӯғини ифротӣ фирефта карда, ба сафҳои худ ҷалб карданд ва барои пайвастан ба ДИИШ ва ташкилотҳои дигари террористӣ ба Сурияву Ироқ фиристоданд. Албатта, мақсади наҳзатиҳо он буд, ки ин гуна ҷавонони гумроҳ дар Сурия ва Ироқ таҷрибаҳои ҷангиро омухта, ба ватан баргарданд ва қисмати талхи он кишварҳоро бар сари мардуми тоҷик бори дигар оваранд. Тамоми амалҳои тахрибкоронаи солҳои охири ТЭТ ҲНИТ, яъне гумроҳ сохтани ҷавонон ва ба сафи ташкилотҳои террористии байналхалқӣ шомил кардани онҳо, паҳн сохтани мазҳаби бегона дар кишвар, кӯшиши табаддулоти мусаллаҳона ва ҷиноятҳои дигари онҳо маҳз бо дастуру пуштибонии хоҷагони хориҷиашон сурат гирифтаанд ва мақсадашон ба Сурия табдил додани Тоҷикистон буд. Доираҳои манфиатдори хориҷӣ мехостанд бо истифодаи ТЭТ ҲНИТ манфиатҳои геополитикӣ ва ғаразнокашонро дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ татбиқ кунанд.

Аммо бояд наҳзатиҳо ва хуҷаинҳои онҳо хуб дар хотир дошта бошанд, ки имрӯз давлати Тоҷикистон мустаҳкам ва мардуми мо огоҳу ҳушёранд ва дигар ҳаргиз намегузоранд, ки гурӯҳи ҷинояткори ТЭТ ҲНИТ сар боло кунаду ба мақсадҳои шумаш бирасад.

Ёралии НАБӢ

http://javonon.tj/news/politics/kabir-bo-k-maki-pushtibonon-mo-az-to-ikiston-suriya-mesozem/


19.04.2018 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.