734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ҲАМОИШИ ҶАВОНОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ТАҲТИ УНВОНИ «ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ТАШАББУСКОРИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ МУШКИЛОТИ ОБ ДАР САЙЁРА»

0-02-01-f23106cf71122cd6beab2f8bd174eae0593e81ceb043f17bcb562da16fa2c2d4_full17 апрели соли 2018 дар доираи тантанаҳои Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкорҳои муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Ҳамоиши ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони  «Пешвои миллат – ташаббускори ҳалли масъалаҳои мушкилоти об дар сайёра» доир гардид.

Дар қисмати расмии чорабинӣ  Раиси Кумитаи  кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимӣ Фарҳод, муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода ва директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар баромад намуда,  нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об дар сайёра назаррас, ҳалкунанда ва манфиатбахш маънидод намуданд.

Масъулини кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе мақсади баргузории Ҳамоиши мазкурро Пайравии ҷавонон аз ташаббуси навбатии Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об бахусус ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ аз пешниҳоди Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии Амал “Об барои рушду устувор, барои солҳои 2018 – 2028” маънидод намуданд.

0-02-01-5c80806361e0662f584421e1b6ee31839f0e7e3084696464839eb340de73595b_full0-02-01-b1ee49f3a381bbf3a1ad8e2f38ddf51793d37a6ecb1efcdac9ad78a63e019b0a_full 0-02-01-0f54a14cba433448522788e5b99b53148f3685825a93b8bafed2ef0b7e508a7f_full


17.04.2018 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.