734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Диқат! Диқат! Озмуни ҷумҳуриявии дарёфти беҳтарин лоиҳакаш ва дизайнер барои бунёди хоначаҳои анъанавӣ дар ҳудуди маҷмааи “Сафед – дара”

Озмуни ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дарёфти беҳтарин лоиҳакаш ва дизайнер барои бунёди хоначаҳои анъанавӣ дар ҳудуди маҷмааи “Сафед – дара” бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”

Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Сафед– дара” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо мақсади таблиғи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ дар ҳудуди маҷмааи лижаронии “Сафед- дара” баҳри дарёфти беҳтарин лоиҳакаш ва дизайнер барои бунёди хоначаҳои анъанавӣ, ки симои миллӣ дошта, инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум намоянд, озмуни кушод  эълон менамояд.

ТАЛАБОТ ВА ШАРТҲОИ ОЗМУН:

  • Дар озмун лоиҳакашон ва дизайнерон новобаста аз синну сол ҳуқуқи иштирок карданро доранд
  • Озмун ба таври шаффоф сурат гирифта, маводҳо ва лоиҳаҳои пешниҳодкардашудаи лоиҳакаш ва ё дизайнер ба Комиссияи озмун пешниҳод карда мешавад.
  • Озмун аз рӯзи эълон то рӯзи қабули охирини ҳуҷҷатҳо муддати 50 рӯзро дар бар мегирад.
  • Иштирокчии озмун (лоиҳакаш ё дизайнер) лоиҳаи хоначаҳои анъанавиро мутобиқ ба фарҳанги миллӣ ва нақшу нигори миллӣ ва ё ин ки ба шакли хоначаҳои дар деҳаҳо сохташуда омода намуда, дар муҳлати муайянгардида ба Комиссияи озмун пешниҳод намоянд.
  • Лоиҳаҳои пешниҳодшуда бояд тамоми хароҷотҳои барои бунёди хонаҳои анъанавӣ масрафшударо дар бар гирифта, дар сатри алоҳида пешниҳод карда шавад.
  • Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо баъд аз муҳлати муайянгардидаи озмун ба Комиссия пешниҳод карда намешавад.
  • Дар сурати мутобиқат накардан ба талаботи муайянкардашудаи озмун ҳуҷҷатҳои довталабон баррасӣ карда намешавад.

БАҲОДИҲИИ ОЗМУН

Муайян намудани беҳтарин лоиҳакаш ва дизайнер аз ҷониби Комиссияи озмун амалӣ карда мешавад.

Баҳодиҳӣ ба лоиҳаҳои пешниҳодгардида бо ҳузури  иштирокчиён пас аз 10 рӯзи баитмомрасии эълони озмун сурат мегирад.

Ғолиби озмун аз ҷониби Коммисияи озмун муайян карда мешавад.

Барои беҳтарин лоиҳакаш ва дизайнер бо мукофоти пулӣ муқаррар карда шудааст.

Ғолиби озмун дар рӯзи ҷамъбастӣ  бо диплом ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида мешавад.

Бунёди хоначаҳои анъанавӣ аз рӯи лоиҳаи беҳтарини дар Комиссия озмун муайяншуда амалӣ карда мешавад.

Комиссияи озмун аз ҷониби ҳамаҳангсози лоиҳа  муайян карда мешавад.

ҲАМОҲАНГСОЗОН

Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Сафед – дара”

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

СУРОҒА БАРОИ ПЕШНИҲОДИ МАВОДҲО БАРОИ ОЗМУН

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кучаи Варзишгарон 6

E- mail: www.youth.tj, kjvs.1997@mail.ru, diloshub.rozikov@mail.ru

тел: 236 – 37 – 26, 235 – 33 -14, 904 – 06 – 60 – 74

 


17.04.2018 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.