734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ДИҚҚАТ! ДИҚҚАТ! КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ ДАР СОЛИ 2018 ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соли 2018 озмун эълон менамояд.

1. Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илму техника корҳои намоён анҷом додаанд, бо мақсади рушду инкишофи иқтидори илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳавасманд намудани фаъолияти эҷодии олимони ҷавон мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 1998, №301 “Оид ба тасдиқ намудани Низомнома дар бораи Ҷоизаи ба ноими Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки соҳаи илим ва техника корҳои намоён анҷом додаанд” таъсис дода шудааст, шумораи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ 12 (дувоздаҳ) адад буда, маблағи ҳар кадоми он баробар ба 1000 (ҳазор) долари ШМА мебошад.

2. Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои тадқиқоти илмию амалӣ дар самтҳои зерин дода мешавад:
– барои тадқиқоти илмие, ки ба инкишофи илмҳои бунёдӣ, гуманитарӣ, техникӣ, табиатшиносӣ ва тиб мусоидат менамояд;
– барои коркард ва азхудкунии техника, материалҳо ва технологияи пешқадам, ки суръати афзоиш ва самаранокии пешрафти иқтисодиёту иқтидори мудофиавии мамлакатро мустаҳкам менамоянд.

3. Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун ба суроғаи дар поён овардашуда то 4 июни  соли 2018, соати 17:00 сурат мегирад.

Нишондиҳандаи муҳим барои иштирок дар озмун барои довталаб, синни то 35, дифои рисолаи илмӣ (то 4 июни соли 2017) ва дар амал қарор доштани натиҷаҳои кори илмӣ дар муҳлати на кам аз як сол мебошад.

4. Довталабе, ки дар озмун ширкат меварзад, бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:
а) варақаи шахсӣ, нусхаҳои ҳуҷҷатҳо барои дараҷаҳои маълумот, нусхаи шиноснома, тарҷумаи ҳол – 2-нусхагӣ,
б) расми андозаи 3х4 – 3 дона;
в) қарори Шӯрои илмӣ ё Мушовараи муассисае, ки дар он довталаб кор мекунад, инчунин, пешниҳоди вазорату идорае, ки муассиси дар тобеияти он қарор дорад дар бораи пешниҳодот барои дарёфти ҷоиза – 1 нусха;
г) рӯйхати ҳамаи корҳои илмии довталаб – 2 нусха;
д) шарҳи мухтассари мазмуни асар ё асарҳои илмии ба озмун пешниҳодшуда дар ҳаҷми на зиёда аз як варақаи чопӣ – 2 нусха;
е) нусхаи шаҳодатномаи муаллифӣ (барои ихтироот) – 2 нусха;
ё) маълумотнома аз ташкилот, муассиса ва ё мақомоти дахлдор дар бораи татбиқи амалии ихтироот, конструксияҳо, материалҳо ва технологияи нав, усулҳои мукаммали истеҳсолот дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ – 1 нусха;
ж) доштани унвони илмии номзади илм ва ё доктори илм;
з) моҳияти воқеии илмӣ-амалӣ доштани натиҷаҳои илмии кашфиёту ихтирооти пешниҳодшуда бо ҳамроҳии маводҳои тасдиқкунандаи чопӣ, сабтӣ, аёнӣ ва ғайра;
и) ҳолати анҷом додани кашфиёту ихтирооти дар амал татбиқшуда ва татбиқшаванда;
й) на кам аз як сол мавриди амал қарор доштани тадқиқоти довталаб;
к) доштани ду маҷмӯаи илмие, ки яке аз онҳо аз ҷониби муассисаҳои илмии бонуфузи дохилӣ (Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, қарорҳои Шӯрои олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ) эътироф шуда бошад;
л) доштани на кам аз 10 мақолаи илмӣ, ки аз он се тоаш дар маҷаллаҳое, ки онро Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия эътироф намудааст ва яктоаш бо забони англисӣ дар хориҷи кишвар ба чоп расида бошад;
м) иштироки довталаб дар на кам аз 10 Конференсияи ҷумҳуриявӣ ва 1 Конференсияи байналмилалӣ ё минтақавӣ;

5. Ҳамаи асноди дар банди 4 омада бояд ба таври расмӣ тасдиқ карда шуда бошанд;

Маълумоти иловагиро вобаста ба талаботи озмун метавонед аз суроғаи зерин дастрас намоед:
– шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6;
– телефон барои тамос (+37) 2360117, 2351953, 2363726, 2364266
– www.youth.tj; email: kjvs.1997@mail.ru, shokhzod.rakhimov@mail.ru

Эзоҳ: Ҳуҷҷатҳои нопурра ё қисман пешниҳодгардида ба озмун қабул карда намешаванд.


15.04.2018 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.