73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст

Имрӯз чорабиниҳои оммавӣ – варзишӣ, солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирўзӣ таҳти унвони “Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст” дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 201+18 санаи 14 апрели соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо фарогирии 17061 нафар, аз ҷумла 4094 нафар бонувон машқҳои пагоҳирӯзӣ доир гардиданд.

Боиси нақшаи чорабиниҳои мазкур, дар шаҳри Душанбе дар Боғи ба номи устод С.Айнӣ, Боғи ҷавонон, Боғи Парчами давлатӣ, Боӣғи Дӯстии халқҳо ва назди шаршараи Наврўзгоҳи пойтахт дар машқҳои пагоҳирӯзӣ 1290 нафар, аз ҷумла 165 нафар бонувон, кормандони вазоратҳои кишоварзӣ, корҳои хориҷӣ, маориф ва илм, Агентии омор, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва муассисаҳои давлатии “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин” ва “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук”-и назди Кумита дар машқҳои пагоҳирӯзӣ иштирок намуданд.

Ҳамин тавр, дар машқҳои пагоҳирўзии ВМКБ 664 нафар, аз ҷумла 260 нафар бонувон, дар вилояти Хатлон 7550 нафар, аз ҷумла 1905 нафар бонувон, дар вилояти Суғд 3074 нафар, аз ҷумла 797 нафар бонувон, шаҳри Душанбе 1290 нафар, аз ҷумла 165 нафар бонувон ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 4510 нафар, аз ҷумла 1134 нафар бонувон иштирок намуданд.

 


14.04.2018 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.