734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Боздиди Аҳтам Абдуллозода аз ҷараёни курсҳои омӯзишии ройгон

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ташаккули идрок, зеҳн, малака ва савияи дониши наврасону ҷавонон иқдомҳои наҷибро ҳамасола роҳандозӣ менамояд.

Имрӯз, 10 апрел, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе аз ҷараёни курсҳои ройгони омӯзишии забонҳои русию англисӣ, маърифати оиладорӣ, кадбонугӣ, қаннодӣ, ороиши руй ва муй, дӯзандагиву бофандагӣ, курсҳои барномасозӣ ва таъмири телефон дидан намуд.

Аҳтам Абдуллозода зимни дидани курсҳои омӯзишӣ ба ҷавонон таъкид намуд, ки вақти худро босамар гузаронида, курсҳоро хуб аз худ намоянд: “Ин барои шумо бисёр як фурсати хуб аст. Ҳар фард дар айёми ҷавонӣ зеҳну хотираи қавӣ дорад, ки метавонад дар муддати кӯтоҳ дилхоҳ барнома ва ё забонро аз худ намояд”.

30624700_1391085197703795_8825437624747747448_nБояд қайд намуд, ки ҳамасола аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш баҳри татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар тамоми манотиқи кишвар барои наврасону ҷавонон чунин курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ба хотири аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, кор бо барномаҳои компютерӣ ва технологияҳои муосир, барои ҷавондухтарон роҳандозӣ намудани курсҳои кӯтоҳмуддати ороиши руй ва муй, пазандагӣ, қаннодӣ, дӯзандагӣ, дар маҷмуъ ҳунарҳои мардумӣ ва ҳунарҳое, ки метавонанд бевосита дар рушду малакаи ҷисмонию зеҳнии ҷавонон мусоидат намоянд, ба роҳ монда мешавад:

“Ин курсҳо аз ҷониби Кумита дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон ва даҳ самти афзалиятноке, ки барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон пешбинӣ гардидааст, роҳандозӣ мегарданд. Иқдоми мазкур метавонад, дар мустаҳкамкунии ҳаёти иқтисодию иҷтимоии наврасону ҷавонон саҳми беназир гузорад” – изҳор дошт директори КВД “Биржаи меҳнатии ҷавонон” Умед Раҳимзода.

Ҳамзамон, бо иштироки раиси Кумита маросими шаҳодатномасупорӣ доир гашт, ки дар он хатмкунандагонӣ фаъоли ин курсҳои омӯзишии ройгон қадрдонӣ шуданд.

 


10.04.2018 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.