734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Тоҷикистон – Узбекистон: ҳамкориҳо дар соҳаи варзиш рушд хоҳад кард

Имрӯз дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо Президенти Кумитаи миллии олимпии Узбекистон Умед Аҳмадҷонов, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овардааст, мулоқот намуд.

30d8a99794cb167d7605e8fa1fe1bf93 Қабл аз мулоқот меҳмон бо шароити нави Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, аз ҷумла аз  Осорхонаи “Шарафи олимпӣ” дидан карда, бо дастовардҳои варзишгарони тоҷик ҳам дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳам замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шинос шуданд.
Дар оғози суҳбат ҷонибҳо аз боз шудани сарҳад миёни ду кишвари дӯст ва хизматҳои сарони кишварҳо – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев – дар ин самт ёдовар шуда, изҳори хушнудӣ карданд.
ff43c2a2b00246e171d925d5a5514177– Шодем, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Узбекистон дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла соҳаи варзиш миёни ду кишвари дӯсту бародар оғоз гардида, умедворем дар оянда рушд хоҳад кард, – иброз дошт Абдуллозода А. – Баъзе намудҳои варзиш дар Тоҷикистон ва баъзе намудҳо дар Ҷумҳурии Узбекистон тараққӣ кардаанд ва мо метавонем таҷрибаи ҳамдигарро омӯхта, дар оммавияти варзиш ва рушди ҳаракати олимпӣ дар кишварҳоямон кӯшиши бештар ба харҷ диҳем.
9a6dfa176f93d3e21d9a8aec2c780477Ҷониби Узбекистон омодагиашро ҷиҳати баргузории ҷамъомадҳои машқию таълимӣ оид ба намудҳои гуногуни варзиш, баргузории мастер-класҳо бо ҷалби беҳтарин мураббиёни ҳар ду кишвар ва истифодаи варзишгарони тоҷик аз Маркази тиббӣ-тавонбахшии варзишгарон дар назди Кумитаи олимпии Узбекистон изҳор дошт.
А. Абдуллозода ва У. Аҳмадҷонов роҷеъ ба дигар самтҳои ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш табодули афкор намуда, дар охир ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.cfa374782093a024983c91d403bef51b

 


10.04.2018 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.