Санаи 7 апрели соли 2018 дар Кохи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси маҳфили “Ҳаҷвнигорони ҷавон”-и назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи ҳаҷвӣ таҳти унвони “Лабханди ҷавонӣ” бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, мустаҳкам намудани риштаи дӯстии ҷавонони кишвар, дар рӯҳияи ватандӯстию ватандорӣ тарбия намудани ҷавонон ташкил ва баргузор гардид.
Дар ҷорабинии мазкур намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, мудирони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳои вилоят, гирандагони стипендияи Президентӣ, вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ ва ҷавонони фаъоли вилоят ширкат варзиданд.