734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Дави Наврӯзи ва марафони велосипедронӣ 

Дави милли КургонтеппаКумита кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамчун мақомоти ваколатдор дар самти татбиқи сиёсати давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим ва рушду оммавияти он, дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2018, силсила чорабиниҳои оммавӣ – варзишӣ, солимгардонӣ, мусобиқаву чемпионатҳои варзиширо давоми моҳи март, ба ифтихори сазовор таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи хуҷастапай ба нақша гирифтааст.

Ҳамзамон, баҳри оммавияти варзиш ва солимгардонии ҷомеа, ҳамчун муждаи неку ҳуҷастаи ҷашни Наврӯз, Кумита баргузории дави наврӯзӣ ва марафони велосипедрониро дар қаламрави кишвар санаи 17 марти соли 2018, махсусан дар шаҳри Душанбе аз гардиши Товус то Наврӯзгоҳ (ба масофаи 3,5 км) аз соати 7:00 то 11:00 ба нақша гирифтааст.

Хоҳишмандону дӯстдорони ин намудҳои варзиш метавонанд озодона иштирок намоянд.


14.03.2018 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.