734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба дастхобонӣ байни духтарону калонсолон

28832676_2053268968278565_214834596_nБо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба дастхобонӣ байни духтарон ва калонсолон бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ байни варзишгарон ва муайян намудани дастаи мунтахаб бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ  аз рӯи 17 намуди вазн бо иштироки 105 нафар варзишгарон (42 нафар духтарон) аз дастаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон, Кӯҳистони Бадахшон, Суғд, ШНТМ ва шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор гардид.

Ғолибон ва ҷойзадорони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ба дастхобонӣ байни духтарон ва калонсолон.

Дар намуди даставӣ аз дасти чап.

Ҷои якум – дастаи вилояти Суғд

Ҷои дуюм – дастаи вилояти ВМКБ

Ҷои сеюм –  дастаи вилояти Хатлон

Дар намуди даставӣ аз дасти рост.

Ҷои якум – дастаи вилояти Суғд

Ҷои дуюм – дастаи шаҳри Душанбе

Ҷои сеюм –  дастаи вилояти Хатлон

Писарон: ишғоли ҷои якум.

Дар вазни 60 кг – Баҳриев Ёқубҷон

Дар вазни  65 кг – Хуҷаалиев Абдуманон

Дар вазни  70 кг – Бобоҷонов Аминҷон

Дар вазни  75 кг – Комилов Фаррух

Дар вазни  80 кг – Мирзо Ахмедов

Дар вазни  85 кг – Ашуров Акмал

Дар вазни  90 кг – Мухадияров Фирдавс

Дар вазни 100 кг – Насридинов Умед

Дар вазни 100+ кг – Каримов Ҷамол

Духтарон: ишғоли ҷои якум.  

Дар вазни  50 кг – Донаева Урия

Дар вазни 55кг –  Нозимова Хадича

Дар вазни 60 кг – Лидовская Анна

Дар вазни 70 кг – Назирзода Малика

Дар вазни 80 кг –  Мамадова Муҳаббат

Дар вазни 80+ кг – Азимова Бихалича

Дар фарҷоми мусобиқа ғолибон бо медал ва дипломҳои таъсиснамудаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш қадрдонӣ карда шуданд.

 

 

 

 


13.03.2018 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.