73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ГӮШТИНИ ТАРЗИ ОЗОД БАЙНИ ҶАВОНОН

 

28832430_426514867803863_1307952941_n28832810_426514864470530_905276880_n28832900_426515127803837_328147972_nБо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ байни варзишгарон ва муайян намудани дастаи мунтахаб бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ва “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” санаҳои 10-11 марти соли 2018 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи озод байни ҷавонони соли таваллудашон 1998 – 2001  дар толори варзишии шаҳри Истаравшан бо иштироки беш аз 130 нафар варзишгарон аз дастаҳои вилояти Суғд, Хатлон, ВМКБ, ШНТМ ва шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар натиҷа, дастаи шаҳри Душанбе сазовори ҷои якум, дастаи вилояти Хатлон ҷойи дуюм ва дастаи вилояти Суғд ҷойи сеюм дониста шуданд.

Дар фарҷоми мусобиқаи мазкур ғолибони ҷоизадорон бо медалу дипломҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш қадрдонӣ карда шуданд.

 

 


12.03.2018 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.