73402, Тоҷикистон Душанбе, к.Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


МУСОБИҚАИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ФУТБОЛ БАЙНИ ҶАВОНДУХТАРОН БАРОИ ДАРЁТИ “ҶОМИ УМЕД”

аавквкаБахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи бонувон бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд мусобиқаи вилоятӣ оид ба футбол байни ҷавондухтарон барои дарёти “Ҷоми Умед” дар майдони муассисаи давлатии “Мактаби варзишии №1”-и шаҳри Хуҷанд  бо мақсади  тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани варзиш, мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ байни варзишгарон ва мураббиён ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш бо иштироки беш аз 96 нафар варзишгарон ташкил ва баргузор гардид.

Дар мусобиқа, 6 дастаҳо аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ҳайати 16 нафарӣ иштирок намуда, бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Дар натиҷа, дастаи ҷавондухтарони ноҳияи Мастчоҳ сазовори ҷои I, дастаи ММФЧВА  сазовори ҷойи II  ва дастаи шаҳри Конибодом сазовори ҷойи III дониста шуданд.
Ғолибони мусобиқаи мазкур бо медалу сипоснома ва туҳфаҳои  хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.


12.03.2018 Нет комментариев

Комментировать

Ваш email не будет опубликован.